Хабарҳо

Бори каҷ ба манзил намерасад.

  Амали ноҷавонмардонае, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият се нафар аъзоёни гуруҳи террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби «Усмон»), зодаи Ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ», Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш «Абу Мусъаб»), зодаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод, Қосимов аҳтам Султонович (лақабаш «Убайда»), зодаи шаҳри Кӯлоб ва  дар арафаи ашни  забон, гуруҳи опазитсияи ва  ё ҷавононе, ки  солҳои  тулонист аз падару  модар, хешу ақрабо  бо  фиребу  найрангҳои  аъзоёни  гуруҳҳои  мухолифини  давлати тоҷикон  дар Олмон  умр  ба сар  мебаранд,  сокинони ноҳияи Ховалингро нигарон намуд.  Зеро, дар кишвар ободию озодӣ, тинҷию амонӣ аст ва мардум пайи заҳмату меҳнат ва зиндагии орому осоишта  ва омодагӣ баҳри гузаронидани ҷашни бузурги миллӣ, 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  камари ҳиммат  баста  аз  паи  зиндагӣ ва  корҳои ободонию  созандагиҳои  худанд. Аммо бадандешон ва бадгуҳарон дар фикри ноором сохтани ҷомеа, мехостанд ин рӯзи накуву фархундаро ба мотам табдил диҳанд. Аммо дар урфият мегӯянд, ки «Бори каҷ ба манзил намерасад». Ин ҳақ асту рост. Нафароне, ки аз гурӯҳи террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бо мақсади шуму нопоки худ марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда ба хоки муқаддаси кишвари биҳиштосои мо қадам заданд, тирашон хок хӯрд ва ба мақсади нопокашон нарасиданд. Онҳо аз тарафи дастаи зиддитеррористии амниятӣ дар муҳлати кутоҳ безарар гардонида шудаанд. Аз ин аъзоёни гурӯҳи террористӣ қисмати зиёди силоҳу маводҳои тарканда, лавозимотҳои барои таркондан зарур, адабиётҳои диннӣ-ифротӣ ва дигар маводҳои зарурии террористӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст. Гуйё  миллати  тоҷик  “мушт дар  даҳони он  гуруҳони иғвоангезу  палидон зад”. Бадбахтон  ва  бадхоҳони  миллат  диданд, ки  ба ин  роҳ  оромии давлати  навбунеди тоҷиконро халалдор  карда  натавониста  истодаанд. Пеш  гирифтанд  роҳи  дигарро. Яъне  аз ҷавонони  бадкину  мағзшустаи   тоҷикон, ки дар Олмон умр ба сар  мебурданд истифода карда, гирдиҳамои ташкил  намуда ба  тарафи корвони мошинҳои  сарвари  давлат  тухм партофтанд. Аммо  ин кори  онҳо ин  миллати кучаку  заҳматкашидаро  дубора  огоҳ  намуд, ки: “Эй  миллати  бузургу  тавоно  аз  пешравиҳои ҷумҳурӣ  бо  сарварии  фарзанди оқилу  доно саргарм  нашуда   аз  он  курнамакон, чоплусҳо,  сагони  зархарид, ки аз мамолики  хориҷ  ба  чашмони  пур аз ҳирсу  ҳарос ба  мо  менигаранд, фаромуш  на бояд кард”.   Бале, мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Зеро бузурге фармудааст:

То нарезад заҳр аз дандони мори куштаат,

Морро душман шумор, аз ин зафар бовар накун.

Гарчанде мо ба ин морони заҳрдор зафар кардем, аммо бояд ҳушёр бошем, ки морбачаҳои дигар низ  мақсади ноором кардани амну осоиштагии моро доранд ва бар зидди онҳо бояд муборизаи беамон бурд.

Назарзода М, Фарход Давлатов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *