Аз файзи сулҳу ваҳдати пойдор мардуми шарафманди тоҷик имрӯз ба ҷойе расида, дар гузаштаи на он қадар дур, яъне даҳаи охири қарни гузашта чунин саодату хушрӯзӣ дасте дар домони орзу буду халос. Зеро бар асари ихтилофу даргириҳои сиёсӣ, ҷаҳолату султахоҳии аҳзоби сиёсӣ, риёву табоҳкории табақаи рӯҳонӣ насими тозанафаси Истиқлолияти давлатӣ ғуборолуд шуд. Мамлакатро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба коми худ кашид, шуълаи умед ва фардои зиндагӣ ва бақои давлату миллат дар дилу дидаҳо хомӯш гашта буд. Дар чунин вазъияти харобиовар ба раҳми Парвардигор дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд наҷотбахши миллат-Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарӣ ба халқи вомонда ва кишвари ҷангзадаро ба даст гирифтанд. Панҷ сол ҷон ба каф шабу рӯз талош карданд,ки оташи ҷанги хонумонсӯз хомӯш гардад. Гуфтушунидҳои сершумор бо мухолифони силоҳдор, сафарҳои пурхатар ба манотиқи ноамн, дидору гуфтугӯ бо гурезаҳо дар хоки Афғонистони ноором ва даъвати онҳо ба Ватан, гузаштҳои ҷавонмардона ва афи ҷинояткорон ба хотири сулҳу оромӣ аз ҷумлаи талошҳои бороваре буданд, ки ба дилҳо умед мебахшиданд. Ва ин ҳама дар пастманзари хазинаи ғоратшудаи давлат, ба яғмо бурдани дороии кишвар ва халқ, фалаҷ гаштани сохторҳои давлатӣ, бахусус, қудратӣ, ба вуқӯъ омада буд. Тавре борҳо таъкид шудааст, Пешвои муаззами миллат пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ғоратшуда, артишу соҳаи ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ таҳрезӣ намуда, сулҳу ваҳдат ва нишоту фархундарӯзиро ба халқи хеш эҳдо намуданд. Аммо имрӯз нотавонбинони миллат, ба мисли аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ, ки дар гузашта омилони асосии бадбахтии мардум буданд, сулҳу субот, ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакатро намехоҳанд ва аз пайи иғвогарию дасисабозианд. Табиист, ки дар пушти иғвою дасисаҳо ва тавтеаю туҳматҳои онҳо ғаразҳои пасипардагии баъзе қудратхохони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ниҳонанд. Роҳбари фирори назҳат ва думравони гумроҳаш аз нокомиҳои худ дар баробари иродаи созандаи роҳбарияти олии кишвар ва мардуми сулҳпарвар ба чоҳи бухлу ҳасад ва кинаварзӣ амиқтар фурӯ мераванд. Дар робитаи ба ин, метавон панди Шайх Саъдиро мисол овард, ки мефармояд: Кунад ҳароина ғайбат ҳасуди кӯтоҳдаст, Ки дар муқобили гунгаш бувад забони мақол. Роҳбарият ва ҳавохоҳони наҳзатӣ тайи фаъолияти тӯлонӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, сохтори сулҳу оромиш набуданд ва нахоҳанд буд. Ва ин ҳам дар табиати гурӯҳест,ки бо ҷараёнҳои тундраву ҷаҳолатпараст ҳамкорӣ дорад. Доираҳои огоҳ ва хонандагони хушманд, дер боз аз робитаҳои ошкору пинҳонии роҳбарияти наҳзат ва созмону ташкилотҳои террористии “Ихвон- ул- муслимин”, “Ал-қоида”, “Толибон”, “Аморати Қафқоз”, “Ҳизби исломии Афғонистон”, “Ҳамос”,”Ҳаракти исломии Ӯзбекистон”, “Ансоруллоҳ” ва” Давлати исломӣ” дарак доранд, ки дар ин авоҳир рӯшантар шуд. Рафтору амали аз ҳама асафбори наҳзатиҳо дар давраи авҷи бемории сироятии каронавирус рӯи кор омад, ки зоҳиру ботини хашинашонро беш аз ҳар вақти дигар, ба намоиш гузошта буданд. Бояд қайд намуд, ки онҳо мехостанд COVD 19 чун дастиёр дар амалӣ сохтани нақшаҳои шуму хуношоми худ, яъне ба ҳам задани вазъи оромии кишвар ва ба низоъ кашидани мардум истифода кунанд, ки нашуд. Дар ин гирдудор бахт ба рӯи давлат ва миллат хандид ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҳамчунин нокому шамсор монданд. Интишори матолиби тафриқасозу тарспарокан дар авҷи бемории ҳамагир тавассути сомонаҳои хидматгузори назҳат баёнгари ин ҳақиқат буд, ки хиёнаткорони беҳувият хостори маргу мири зиёди шаҳрвандонанд. Бозтоби омори носаҳҳеҳу фарзияҳои бардурӯғашон дар пайи беморӣ кӯшиши мағзшӯӣ ё гумроҳ намудани мардум ва аз ин роҳ барпо намудани шурише муқобили Ҳукумат буд, ки боз ҳам тирашон хок хӯрд. Чашми душманони миллати тоҷик ва иғвогарони муздур дар мавриди тадбирҳои давлату Ҳукумат оид ба чораҳои пешгирӣ ва баъдан муборизаи муваффақона бо ин марзӣ нобино шуд. Вале ҳамагон медонанд, ки аз рӯзҳои аввали сарзадани ин беморӣ, дар пасманзари сиёсати дурнигаронаи Сарвари давлат ҳамаи иқдомот чорасозу судбахш буданд ва кишвари мо бо камтарин талафот шиддати бемориро пушти сар кард. Аз ин лиҳоз, пешбинии нотавонбинон барномаҳои зидди буҳронӣ дар робита ба пайомадҳои каронавирус тавре таҳия ва рӯи кор омад, ки дархӯри ниёзҳои ҷорӣ буда, манофеи иқтисодию иҷтимоии давлат ва мардумро дар меҳвари кор қарор медиҳад. Дар қадами аввал маоши кормандони соҳаи тандурустӣ дубаробар зиёд гардида, суратҳисоби махсус барои табобати беморони гирифтори каронавирус созмон дода шуд. Баробари беҳбуд ёфтани вазъ дар дигар кишварҳо ва ба миён омадани аввалин имкониятҳо Тоҷикистон шаҳрвандони дар хориҷ дармондаи худро ба Ватан баргардонд ва ин раванд идома дошт. Тадбири дигар ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгири таъсири бемории сироятии COVD-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд, ки аз ҷониби сокинон хуш ва якдилона дастгирӣ ёфт. Ин ташаббуси раятпарваронаи Пешвои миллат ифодагари дармадди аввал гузоштани манфиат ва ҳимояти мардуми мамлакат ба шумор меравад. Ҳамин гуна тадбирҳои судманду иқдомоти санҷида буд, ки то кунун наздик ба 80 дарсади гирифторони марзии каронавирус дар мамлакат шифо ёфта буданд. Дур нест, ки COVD-19 аз чаҳон ба кишвари мо рахти сафар банданд ва мардуми ҷаҳон ба зиндагии маъмулии худ баргарданд. Дар он сурат, танҳо чизе, ки дар хотири мардуми шарафманди тоҷик аз ин вабо боқӣ хоҳад монд, ҳамин тавтеасозиву манфиатҷӯии назҳатиҳои сияҳкор аз як бемории мусибатзо мебошад. Ба қавли Шайх Саъдӣ: Ба сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз, Наравад мехи оҳанин дар санг. Сайдасрор Қодиров, Директори МТТҲС-и ноҳия
Сабтҳои охирин
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм)
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм) Дар толори ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг санаи 17- и марти соли равон, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм) бо иштироки раиси ҷамоат Назаров Миралӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Искандар Бобоназаров, Ҳисайнов Шариф, вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳот ва раисони […]
Земля Воруха – территория Таджикистана навсегда
На днях я прочитал выступление Камчыбека Ташиева, главы делегации Киргизии на пресс-конференции по итогам первого раунда переговоров Таджикистана и Киргизии по вопросам размежевания госграницы. На мой взгляд – полный бред. Так кто же он такой – Камчыбек Ташиев?
АНДЕШАИ ЯК ТАН АЗ ШАҲРВАНДОН ОИД БА ДИНУ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ
https://t.me/khovaling33/60 http://khovaling.tj/2024/06/05/4775/ https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02CK4kwi9cfHY69sWSTao4dVLLpY5WJpaGu3YdgWih24nf1Pg1NRjxPi2d65Vkt2hRl&id=61559358994127&mibextid=Nif5oz