Саннаи 26-уми ноябри соли 2023 дар “Маркази савдои истиқлол”-и бозори Меҳргони маркази ҷумҳурӣ –шаҳри Душанбе “Фестивал-намоиш, фурӯши картошка ва таёр намудани хӯрокиҳои аз он” миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ин фестивал кишоварзони ҳама шаҳру ноҳияҳо, ширкат намуда, маҳсулоти картошкаи худро ба маърази дид гузоштанд. Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ аз тарафи иштирокчиён таомҳо, ки аз картошка омода гардидаанд мавриди намоиш қарор дода шуд.
Ноҳияи Ховалингро дар ин фестивал кишоварзон-картошкапарварон намояндагӣ намудаанд. Ҳамчунин дар қатори кишоварзон дар ин фестивал муовини аввали раиси ноҳия Рауфзода Саймумин., мудири бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Садафмо Назарова, директори Хоҷагии ҷангали ба номи «Сайдаҳамад Каримов» Азизулло Муродов ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Аз тарафи ҳайати комиссияи тадорукот ин фестивал мавриди назар қарор дода шуда, баҳогузорӣ карда шуд ва хушбахтона ноҳияи Ховалинг дар ин фестивал миёни 64 шаҳру ноҳия сазовори ҷойи сеюм гардид, ки ин ифтихори ҳама сокинони шарафманди ноҳияи Ховалинг аст.