Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз! Шуморо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназирро таманно менамоем. Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 Бояд зикр кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3-юми ноябри соли 2009, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ин лоиҳа бо дастгирии вакилони халқ қабул гардида, 24 – ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид.

 Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои асосии давлат ва ҳамчун нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллати тоҷик  муайян карда шудааст.                                                 

  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки «Мо ба Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар муқаддас аст».

Таърих гувоҳ аст, ки   миллати сарбаланди тоҷик борҳо аз давлатдории хеш дур карда шуда бошад ҳам, онро аз рӯи  хираду фарҳанги азалӣ боз ба даст овардааст.

 Дар гузашта ва имрӯз низ Парчам ҳамчун рамзи муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ маҳсуб ёфта, нисбати дигар рамзҳои асосӣ – нишон ва суруди миллӣ пештар арзи вуҷуд намудааст.

Тоҷикон дар тули таърих Парчамҳои зиёду гуногуне доштанд. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ аввалин Парчам ин пешдомани чармини Коваи оҳангар буд.

 Ӯ тавонист бо барафрохтани Дирафши Ковиён мардумро муттаҳид намуда, ба муқобили беадолатӣ ба мубориза даъват намояд ва ба ин роҳ бо мақсади ниҳоии худ низ расад.

Дар тули таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик Парчам ҳамчун рамзи пойдорӣ ва озодихоҳӣ бо вожаҳои гуногун, аз ҷумла дирафш, ливо, байрақ ва парчам ном бурда мешуд.

 Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳануз 21 апрели соли 1991 озмун барои пешниҳоди намунаи беҳтарин Нишон ва Парчам эълон гардид.

Намунаи беҳтарин Парчами Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми таърихӣ ва тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   аз тарафи вакилони халқ якдилона пазируфта шуд.

Ҳамватанони азиз!

    Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ, иди ваҳдату ягонагӣ, сулҳу дӯстӣ ва субботу муттаҳидӣ буда, мо сокинони ноҳияи Ховалинги бостониро водор месозанд, ки чун шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон дар якҷоягӣ барои ободии хонаву дар, кӯчаву маҳалла ва дар маҷмӯъ пешравиюшукӯфоии  Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.                                          

 Бо ҳамин ният ва орзуҳои нек  Шумо ва дар симои Шумо  тамоми мардуми ноҳияро бо ин ҷашн табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Ҷашни зикргардида муборак. Ҳамдиёрони азиз!

One Reply to “ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *