Барномаҳои давлатӣ

ВОХУРӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

 

Дар асоси нақша – чорабиниҳои  комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, рӯзи 23 ноябри соли ҷорӣ дар Марказӣ саломатии ноҳияи Ховалинг вохӯрии Раиси  комиссияи стратегияи давлатии муқовимат  бо коррупсияи назди МИҲД ноҳияи Ховалинг муҳтарам Кабирзода Зарҳалбӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон намояндагони дигар соҳаҳо  низ иштирок доштанд.

  Вохурии мазкурро сардухтури  Маркази саломатии ноҳия  шарапов Сафар ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони муассисаи номбурда пайваста суҳбату вохурӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

  Раиси  комиссияи Стратегияи давлатии муқовимат  бо коррупсияи назди МИҲД ноҳияи Ховалинг муҳтарам Кабирзода Зарҳалбӣ суханронӣ намуда, бобати оқибатҳои коррупсия ва хатари он ба ҷомеа мухтасар маълумот дод.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки коррупсия падидаи номатлуби ҷомеа буда, он монеаи рушду пешрафти давлат мегардад. Бинобар ин, ҳар фардро зарур аст, ки барои решакан сохтани ин падидаи номатлуб ҳиссаи арзандаи худро гузорад.

  Дар баробари ин Кабирзода Зарҳалбӣ иброз намуд, ки ҳар як корманди соҳаи тандурустиро зарур аст, ки бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаро “Дар бораи Стратегияи  давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои давраи то соли 2030” иҷро намуда, дар давоми фаъолият ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *