Хабарҳо

Ифтитоҳи як пули мошингузар дар ноҳияи Ховалинг.

Дар дориаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба бунёду сохтмони роҳу пулҳо этибори  зарурӣ  дода мешавад.

Дар ноҳияи Ховалинг  рӯзи  23- ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон, мушовири Сардори сараёсати назди  Бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Усмонов Искандар ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди  Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ пули мошингузар  мавриди истифода қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, ки пули пошингузар  дар балндии 5-метр аз сатҳи оби ҷоришаванда бо дарозии 17- метр, 5- метр паҳноӣ сохта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки пули мошингузар бо ташаббуси  соҳибкорони маҳаллӣ Каримов  Заҳфар  ва  Тоҳиров Ҳиматулло сохта шуда, деҳаи Санги Уғурро  ба деҳаҳои  Канаб, Зардолудашт ва Ҳалқаёр бо ҳамдигар мепайвандад.

Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музафар Бурҳон бо сокинони деҳаҳо сӯҳбти озод ороста  иброз доштанд, ки барои боз ҳам  беҳтару хубтар гардонидани ҳаракати роҳҳои байни деҳаҳо ба маркази ноҳия чораҳои зарурӣ андешида,барои боз ҳам хубтар намудани зисту зиндагии шаҳрвандон кӯшиш намуда истодааст.

Сокинон  аз бунёду ба истифодадиҳии пули мошингузар изҳори хушнудӣ намуда  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории худро баён доштанд. Дар ин рӯз хурду бузуги деҳаҳо либоси идона ба бар намуда  хурсандии онҳо ҳаду канор надошт.

Дар фарҷом ифтихорномаҳои раиси нохияи Ховалинг ба соҳибкорон ва фаъолони деҳаҳо бо тантана  супорида шуд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *