Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар солҳои охир бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризм» мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Террорист ватан, миллат, забон, наҷод ва дин надорад». Яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳое мебошанд, ки имрӯз дар кишварҳои мухталиф вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террорист он кассоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардани ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афканданаст. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зидди террористии он аз ҷумлаи инсанадҳо мебошад. Аз ин ру шукри пойдории Ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлати ро намудану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини кишвар дониста мешавад. Терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ваминтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Рух додани амалҳои терористӣ боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ вашиддат гирифтани мушкилиҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилии ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Олимов Олимхуҷа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
ХАБАРИ ХУШ! Дар Тоҷикистон 1008 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд
ХАБАРИ ХУШ! Дар Тоҷикистон 1008 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд ДУШАНБЕ, 21.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. То соати 17:30 дақиқаи 21 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2350 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID -19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1008 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 44 […]
Ҷавонон зиддӣ террор!
Ҷавонон зиддӣ террор! Дар тамоми љањон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ муташанниҷ боқӣ мемонад. Ҳоҷат ба баён нест, ки амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ гашта, он торафт беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва […]
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОШАД ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Тоҷикистон кишвари доимбаҳори Ваҳдат аст. Сарзамини босафои зарнисори Ваҳдат аст. Ганҷу зар дорад фузун дар синаи покаш ниҳон, Рӯи хонаш меваҳои шаҳдбори Ваҳдат аст. Нораку Роғун мунаввар мекунад шабҳои мо, Офтобе дар самои беғубори Ваҳдат аст. Дар Душанбе, рӯзу шаб фарқе надорад онқадар, Чун мунаввар аз чароғи шӯълабори Ваҳдат аст. Ҷаннати рӯи замин гӯям туро […]