Хабарҳо

Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар толори МИҲД ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ доир гардид.

 

 

Аз  25 ноябр то 10 декабр бо қарори махсуси   СММ дар тамоми давлатҳо маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди  зӯроварии гендерӣ»  гузаронида мешавад. Дар доираи маъракаи мазкур  рӯзи 14-уми декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ховалинг Кабирзода Зарҳалбӣ, Сардори Раёсати ҳифзи кудаки Вазоарти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бобоҷон Ҷаҳонгир, Лутфуллозода Сино мушовири ректори такмили ихтисос, Ҳаётзода Абдураҳмон  Сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кудаки Вазорати маориф ва илм   бо  директорони муассисаҳои таълимии ноҳия давраи омӯзишӣ баргузор намуданд. Дар машғулияти омӯзишӣ  муовини раиси ноҳия Кабирзода Зарҳалбӣ  оид ба ҷараёни амалишавии Барномаи давлатӣ   оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки  оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат  қарор дорад. Ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди  зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза  бурд. Дар омӯзиши мазкур ҳамчунин Сардори Раёсати ҳифзи кудаки Вазоарти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бобоҷони Ҷаҳонгир, Лутфуллозода Сино мушовири ректори такмили ихтисос, Ҳаётзода Абдураҳмон,  Сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кудаки Вазорати маориф ва илм сухан гуфтанд. Қайд намуданд,  ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Бояд зикр намуд, ки маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси СММ 25 ноябр оғоз шуда, 10 декабр анҷом меёбад.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *