Дар нимаи дуюми сафари кории иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин дар толори Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, имомхатибон, ва фаъолони Ҷамоат баргузор гардид.
Дар маҷлис иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин, муовини якум, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Ҷ/д Шугнов, мудири бахши саноат, сардори роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва котиби матботии раиси ноҳияи Ховалинг ширкат доштанд.
Нахуст роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг Ҳусейнзода Файзулло Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳморо барои таъин намудани Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридинро ба заҳми иштирокчиён расониданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин иброз доштанд, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлате, ки ру ба нести ва парокандагӣ бударо ба кишвари маҳубубу шинохтаи ҷаҳон бо номи Тоҷикистон дар давраи кутоҳ эълон намудем, ин ҳама дастовардоҳо ба осони ба даст наомадааст, зеро хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буданд, ки мо соҳиби муқадассоти миллӣ хеш шудем ва моро дар Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамҷун як давлати соҳибистиқлолу тамадунофар шинохтанд.
Моро мебояд, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, нагузорем, ки онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил шаванд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин қайд намуданд, ки хизмат дар сафи ҚМҶТ қарзи шаҳрвадии ҳар як ҷавонмард буда, зеро оромию сулҳу субот аз он ҷо маншаъ мегирад, ва даъват ба амал оварданд, ки барои ин маъракаи сиёсӣ бетараф набошанд ва фарзандонро сарбаландона ба сафи ҚМҶТ ба хизмати Модар- Ватан равона созанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволу пешниҳодҳои фаъолони Ҷамоати деҳоти Шугнов ҷавобҳои мушаххас гардониданд.