Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз чунин амалҳои мудҳиш манфиатдор мебошанд.
Бояд ҳар яки мо пурра дарк намоем, ки терроризму экстремизм кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар дунё ягон давлате вуҷуд надорад, ки аз таҳдиди амалҳои чунин гурӯҳҳо эмин бошад. Тоҷикистони биҳиштосои мо гарчанде аз ҷиҳти амну осоиштагӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст, аммо аз зумраи чунин давлатҳое мебошад, ки хатари терроизму экстремизм пайваста моро таҳдид менамояд. Сокинони мамлакат алакай шоҳиди ваҳшонияти чунин гурӯҳҳои хунхор дар дохили мамлакат гардидаанд.
Ба терроризму экстремизм баҳои арзандаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додаст,. Яъне, террорист Ватан, дин, имон, мазҳаб ва раҳму шафқат надорад. Зеро ӯ террорист аст ва вазифааш қатлу куштор, таркондан ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Онҳо ҳама амалҳои ваҳшиёнаи худро зери пардаи дини мубини ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба паст намудани шаъну шарафи ҳам мусалмонон ва ҳам дини Ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Боиси таассуф ва нигаронист, ки то имрӯз ҳастанд одамони ноогоҳ, ки чунин амалҳои террористӣ ва экстремистӣ анҷомдодаро кори ҳақ ва раво медонанд. Гумон мекунанд, ки дар ислом анҷоми чунин амалҳои қатлу куштор ва харобкорӣ раво аст.
Аз ҳамин лиҳоз иброз медорам, ки барои аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои олам зарур аст. Бояд мо дарк намоем, ки ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад ва мақсадашон аз он иборат аст, ки дар ин ё он давлат нооромиро ба вуҷуд биоранд, мардумро ба шӯр андозанд ва онҳоро аз Ватан беватан кунанд.
Аз ин рӯ, вазифаи ҷонии ҳар яки мо омӯзгорон , кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли ҷамоатчигӣ аз он иборат аст, ки тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои асоситарини худ бидонем ва насли осебпазирро чунон тарбия намоем, ки онҳо нисбати калимаҳои террористу экстремист нафрати бепоён дошта бошанд.
Бобоҷон Зоиров сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг