Дар чорабинӣ намояндаи МИҲД ноҳия Ардашер Исломов, шоир, тарҷумон ва аъзои иттифоқи нависандагони Америкаи шимолӣ Ибодуллои Солеҳ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фарҳод Давлатов, собиқадори соҳа Маҳсудин Сайтоҷов, шоир Илҳоми Ширин ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат доштанд.
Чорабинии имрӯзаро директори китобхона Шарифалӣ Усмонов ифтитоҳ намуда, доир ба ҳаёт ва рӯзгори ин нобиғаи машриқзамин маълумоти мухтасар дод.
Сипас, намояндаи МИҲД ноҳия Ардашер Исломов баромад намуда, ҳозиринро ба ин муносибат аз номи раиси ноҳияи Ховалинг табрику таҳният намуд. Ҳаминтавр, иштирокдорон як-як ба сухан баромада, доир ба ҳаёту фаъолият ва осори гаронбаҳои Чалолуддини Балхӣ маърӯза намуданд.
Дар қисмати илмии чорабинӣ ба омӯзгорон ва хонандагоне, ки аъзои доимии китобхонаанду дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ фаъолона иштирок менамоянд, Ифтихорнома ва Сипосномаи маъмурияти Китобхона супорида шуд.
Қисмати фарҳангиро хонандагон бо саҳначаҳои бадеӣ, панду ҳикмат, ғазалу тарона ва шеъру сурудҳои дилнишини Мавлоно Балхӣ анҷом бахшиданд, ки табъи меҳмонону омӯзгорон ва аҳли толорро болида гардониданд.