Аҳолӣ Вохӯри бо ҷамоат Нақшаҳо Стратегияи амалҳо Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ – СИЁСӢ

30 октябри соли 2024 дар майдони Фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг дар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи ҳудудӣ оид ба сатҳи омодабошии ҷангии шаҳрвандон ва афсарони дар эҳтиёт буда баргузор гардид.Возможно, это изображение 9 человек
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани дараҷаи омодабошии ҷангии шаҳрвандон ва афсарони эҳтиётӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва зиракиву чолокии ҳар як сокини бо нангу ори ноҳия дар ҳифзу нигоҳдории Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо буд.
Возможно, это изображение 1 человек, динамик и текстДар чорабинии ҳарбӣ муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори ситоди генералӣ Генерал-лейтинант Собирзода Эмомалӣ, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Бахтиёр Лангариев, сардори шуъбаи амалиётии комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон полковник Бахтиёр Наботов, ёрдамчии сардори шуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон майор Ализода Ш ва комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия майор Сайвалӣ Толибов ширкат доштанд.Возможно, это изображение дорога и толпа
Ҳамчунин, дар ин чорабинии омодабошӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовини соҳаи идеологӣ Олимзода Олимхӯҷа, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ҳусайнзода Файзулло, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва дигар шахсони масъул саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
Дар чорабинии ҳарбии сиёсӣ аксарияти сокинони ноҳия коллективҳои меҳнатӣ, ҳайати шахсии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинону афсарони эҳтиётӣ ҷалб гардида, машқҳои ҳудудии омодабошии ҷангиро дар сатҳи хело баланд гузарониданд.Возможно, это изображение 3 человека и толпа
Бошандагони ноҳияи Ховалинг бори дигар собит сохтанд, ки ҳамчун вориси асосии Восеъи диловар баҳри ҳифзу нигаҳдории ин хоки муқаддас Тоҷикистони азиз ҳамеша омодаанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *