Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола 6-ноябр Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд мегардад, ки имсол ба қабули ин санади муҳиму сарнавиштсози миллати тоҷик 30 сол пур мешавад.
Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати «Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон » самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ ва барори кору хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
Ба таърихи пайдоиши ҳуқуқу озодиҳои инсон назар андозем, ҳанӯз 2500 сол пеш нахустин маротиба дар таърихи инсоният аввалин санади ҳуқуқӣ «Эъломияи ҳуқуқи бошар» аз тарафи асосгузори давлати бузурги Ҳахоманишиён Куруши Кабир эҷод ва эълон гардида буд.
Дар ин санади ҳуқуқи, ҳуқуқҳои фитрии инсон ба монанди таъмини амният, ҳифзи қадру қимат, шаъну шараф, номус, озодии виҷдон, меҳнату истироҳат ва дахлнопазирии манзил дарҷ гардидааст.
Зарурияти таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 ба миён омада буд.
Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнин ва фарогирии буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дар қадамҳои нахустини Тоҷикистони нав ва вартаи ҳалокат наҷотёфта таҳия гашта, тариқи райъпурсии умумихалқӣ, 6-ноябри соли 1994 қабул гардид.
Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун олитарин санади меъёрию ҳуқуқӣ, сиёсати давлатро дар муносибат ба соҳаҳои мухталифи кишвар муайян намуда, барои рушду инкишофи ҷомеа мусоидат кард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи омӯхтани таърихи давлатдории халқи тоҷик ва таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳия шуда, ҳамчун намунаи беҳтарин шинохта шудааст.
Бо назардошти иродаи аксарияти мардум, қабули Конститутсия ба нофаҳмии гуруҳи мансабдороне, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон чандон боварӣ надоштанд, ҷавоби раднопазир дода шуд.
Ба қабули Конститутсия заминаи асосии сохторҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати ҷавони Тоҷикистон бавучуд омад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд: «Қабули Конститутсия аз ҷумлаи он воқеаҳои муҳимтарин ва нави таърихии мамлакат аст, ки арзиш ва аҳамияташ бо мурури замон меафзояд. Зеро агар имрӯз мо аз он ифтихор дошта бошем, ки давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ барпо мекунем, пас мо онро танҳо ба василаи Конститутсия амалӣ менамоем».
Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналхалқӣ маҳз тавассути қабули Конститутсия шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи башарӣ эътироф гардид.
Ин санад роҳи ояндаи инкишофу тараққиёти давлат ва сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян сохта, барои ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои дуру наздик шароити мусоид фароҳам овард.
Ба ин васила дар сарзамини тоҷикон сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ пойдор гардида, имрӯз риоя ва ҳифзи арзишҳои Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст ва бояд ҳар яки мо асосҳои онро омӯзему ба фарзандон омӯзонем.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, дар асоси он шаҳрвандони кишвар аз ҳамаи ҳуқуқуҳо бархурдоранд.
Асоси бунёди ин санади таърихиро шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва дигар ҳуқуқуҳои фитрӣ, ки инсон аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёташ ба он соҳиб мегардад, ташкил медиҳанд.
Дар моддаи 5-уми боби аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқуҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Мазмуни «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд», ки боби дуюми Конститутсияро ташкил медиҳад, ба шаҳрвандон чунин кафолатҳоро пешбинӣ намудааст:
«Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон,эътиќоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Бояд қайд кард, ки ҳама 10 боб ва 100 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро дар бар гирифта, муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро ба танзим медароранд.
Ҳамзамон, бо истифода аз иштироки намояндагони сокинони ноҳия дар ҷамъомади имрӯза истифода намуда, таъкид менамоям, ки бо шукургузори аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ба Ватан хизмат намуда, фарзандонро дар руҳияи Ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эътикод ва эътироф ба арзишҳои миллӣ,фарҳанги қадимаи аҷдодӣ тарбия намуда, рафтору гуфтори ҳаррўзаи онҳоро дар назорат гиранд.
Бинобар ин, падару модаронро лозим меояд, ки алоқаро ба муассисаҳои таълимӣ ва бо дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ки дар тарбияи маънавию ҳуқуқии мардум, ба хусус наврасону ҷавонон саҳм доранд, бештар намоянд.
Корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро ба мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тафриқаандоз, гуруҳҳои ифротгаро, тарғиби унсурҳои фарҳанги бегонапарастӣ, оворагардию ҷиноятсодиркунии ноболиғону ҷавонон ҷоннок намуда, ҳар як кадоми мо масъул ҳастем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаатон барори кору пешравиҳо тамано намуда, бори дигар ин санаи муборакро бароятон табрик мегӯям