Аксҳо Раиси ноҳия Хабарҳо

ИШТИРОКИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Санаи 29 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси ноҳияи Ховалинг, узви КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни маҷлис фаъолияти шашмоҳаи сохторҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои вобаста ба татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти кор бо ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ саҳми Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ карда, ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба сафи ҳизб дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *