Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона мебошад адолат дар ин сарзамини биҳиштосо ҳукмфармост. Новобаста аз оне, ки чӣ нисбати ифротиён бошаду чӣ нисбат ба дигарон. Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбини кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пайи хоҷагонашон бояд дарк кунанд роҳе, ки онҳо интихоб кардаанд, бозгашт надорад. Яъне амалу рафторҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад. Муҳамадиқболи Садриддин низ аз зумраи он нафароне ҳаст, ки аз дури ба миллати хеш санги маломат мезанад. Ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр шахсоне ҳастанд, ки дар як давлат таваллуд шуда ба воя расидаанд ва имрӯз бо фармони хоҷагони хориҷияшон нисбати давлати худ беадолатиҳоро раво мебинанд. Онҳо ки худ гунаҳкор ҳастанд тасаввур мекунанд, ки дигарон низ ба монанди онҳоянд ва адолатро риоя намекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки мудири пойгоҳи “Ислоҳ” ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ӯ зимни як мусоҳибааш гуфтааст, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҷои пуштибони аз шариати исломӣ барои анҷоми дастурҳои ҳукумат бештар миён бастааст ва бо ин далел “Рӯҳониёни мустақил ва мардуми тоҷик бояд шӯрои дигаре ташкил дода, ба умури динии миллат бипардозанд”. Шӯрои уламо як ташаккуле аст, дар хидмати ҳукумат, раиси ҷумҳур ва кумитаи амният буда, ки онҳо ҳарчи амр кунанд, маҷбуранд амалӣ намоянд. Зарурияти ташкили шӯрои уламои диниро Муҳаммадиқболии Садриддин дар он медонад, ки ҳатто таҳвин ба уламову руҳониён аз сӯи мақомоти давлатӣ ва гумоштаҳояш ба тарзи бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ин гуна шахсони пастинат, ки зери фишори дигар ташкилотҳои ғайри расмию хоҷагони бадсиришти хориҷӣ қарор доранд ва ба амру гуфтаҳои онҳо амал мекунанд, худ низ дар роҳи баданд ва боз мехоҳанд дигаронро ба доми худ баранд. Алакай ҳама аз рафтору кирдори ин ватанфӯрушон огоҳанд ва намехоҳанд ба мисли онҳо шаванд.
Сабтҳои охирин
COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст
COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст Имрӯзҳо дар саросари ноҳия тибқи амри раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар корхонаю ташкиллотҳо, муассисаҳои таълимӣ, љамоту маҳаллаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз љумла COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба сокинон […]
Ваҳдати миллӣ- асоси устувории давлат.
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, таҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Барои мо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми […]
Артиши миллӣ-мактаби бузурги мардонагист
Артиши миллӣ-мактаби бузурги мардонагист Чӣ тавре, ки ҳамагон огоҳем Ҷумҳурии азаизи мо-Тоҷикистони биҳиштосос баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳиби дастоварди бузурги дигар-Артиши миллӣ гардид. Яъне соли 1993 дар кишвари мо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва имрӯзҳо дар ҳайати ин Артиши бузург Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ ташкил […]