Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.” Ҷавононе, ки ба бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ гирифторанд бештар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Шахсоне, ки онхо масъул ба воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористианд, бо суханони зебо ва боварикунонанда сухан мегӯянду мафкураи ҷавонони соддаро ба пуррагӣ иваз мекунанд ва онҳоро чун ашё барои нафъи худ истифода мебаранд. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар яки мо зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда ҳамеша роҳи дӯстиву рафоқату якдилиро пеш гирем. Бинобар ин, агар мо воқеан ҳам хоҳиш дошта бошем, ки наслҳои ояндаи башарият дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд, бояд аз муқобилгузории тамаддунҳо даст кашем, инсонро ба ғарбию шарқӣ, сиёҳпӯсту сафедпӯст, осиёиву аврупоӣ, мусулмону масеҳӣ ҷудо накунем ва падидаҳои ҳама гуна тамаддунро чун як узви томи тамаддуни башарӣ баррасӣ намоем. Ислом низ ба зоти хеш чун оини масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва дигар мазҳабҳои ҷаҳонӣ як дастоварди бузурги тамаддуни башарист. Аз ин лиҳоз терроризм ва ифротгароиро аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо карда, ҳадафҳои сиёсӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ, шиорҳои авомфиребона ва ғаразҳои инсонбадбинии онҳоро ошкоро баён кардан ва аз истифодаи истилоҳҳои «терроризми исломӣ», «экстремизми исломӣ» худдорӣ намудан зарур аст”. Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза зидди терроризм ин дар ҷавонон пайдо кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Халқи тоҷик аз қадимулайм тамоми фарозиву нишебиҳои таърихро убур карда, барои расидан ба озодӣ, ки неъмати бебаҳо, кафили пешрафт ва шарти барои миллат мебошад ҷоннисориҳои зиёде кардааст. Насли ҷавони имрӯза низ бояд барои пойдории амнияти имрӯзаи Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз ҷумла терроризму экстремизм мубориза баранд ва саъю кӯшиш намоян, то ки сулҳу суботи тоҷикон пойдор бошад.
Сабтҳои охирин
Симои аслии ифротгаро
СИМОИ АСЛИИ ИФРОТГАРО Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. (Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.) Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод […]
Сабабҳои асосии паҳншавии бемории COVID-19
Сабабҳои асосии паҳншавии бемории COVID-19 Коронавирус беморие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, Созмонҳои Умумиҷаҳонии тандурустӣ бошад баъди талошҳои зиёд дар марҳилаи озмоишии ваксинаи он қарор дорад. Коронавирус дар як муддати кутоҳ тавонистааст ба беш аз 190 давлати дунё хуруҷ кунад. Офиятёбӣ аз бемории COVID-19 рӯз то рӯз зиёд гардида, теъдоди ҳалокшудагон низ рӯ […]
Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем
Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд – хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар доираи чунин […]