Саркардагони Ҳизби террористии наҳзати ислом, аъзоёни Гурӯҳи – 24 ва дигар душманони миллат, ки пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро чашми дидан надоранд, тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳамарӯза бо суханҳои бофтаю сохтаи худ кӯшиш менамоянд, ки дар кишвар нооромиро ба вуҷуд биоранд. Онҳо кафк аз даҳон паронда худро ҳомии миллат нишон медиҳанд. Мавзӯъи ҳамарӯзаи онҳо танқиди роҳбарони давлат аст.
Ҳамаи корҳои созандагию бунёдкори, ки дар мамлакат анҷом дода шудааст ва мешавад ба он нисбат медиҳанд, ки гӯё ҳамаи онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои афзудани обу рӯ ва нуфузи худ мекарда бошад. Ҳатто сохтмони бузургтарин иншооти аср – Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Роғунро низ ба ин радиф дохил мекунанд, ки ба ҳеҷ ақли инсонӣ рост намеояд.
Шояд бузургон нисбати чунин ҳарзагӯён ва душманоне, ки пешрафту тараққиёт ва зиндагии тенҷу осудаи мардумро дидан намехоҳанд, фармуда бошанд: “Душман, ки гап наёфт думи сагат каҷала аст ” мегӯянд. Ҳамаи ин ҳарзагӯиҳои душманони миллат аз кинаву адоват бар меояд онҳо гумон доранд, ки бо суханони туҳматангезашон дар байни мардум эҳтиром пайдо мекунанд. Дар акс баъди ҳар баромадашон нафрати мардумро нисбати худ зиёд мекунанд.
Хурду калони Тоҷикистон хуб медонанд, ки Роғун ояндаи кишвар аст ва барои аз нав оғоз намудани сохтмони он чӣ монеаҳое ба вуҷуд наоварданд ва баъди ин сохтумони азимро ночиз ва нодида гирифтан аз тарафи душманон нафрат ва ғазаби мардумро ба вуҷуд намеорад? Меорад онҳое, ки имрӯз дар ин сохтмон кор карда аз 2 то 6, 7 ҳазор сомонӣ маош мегиранд, баъди шунидани суханҳои ғаразноки шумо ва душманони миллат оё хомӯш меистад? Ҳаргиз. Бе шарҳу эзоҳ худатон медонед, ки онҳо чӣ мегӯянд? Пас, сухани дар девор гуфтаи шумо чӣ аҳамият дорад. Шояд ба ин савол худатон ҷавоб диҳед. Бовари дорем, ки дар ҷавоби ин савол хомӯш мемонед.
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Абдулҳамидов А.