Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг рӯйдоди муҳим ба вуқуъ пайваст. Дар ноҳия маросими пешвозгирии ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикон дар оинаи таърих» Амирхон Саидзода (Амир Сайиди Мункӣ) ба роҳ монда шуд.
Бояд ёдовар гардид, ки озмуни мазкур бо пешниҳоду иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид ва ҳама табақаҳои ҷомеа дар ин озмун ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Озмуни мазкур дар се давр, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид ва дар даври ҷумҳриявии озмуни мазкур ноҳияи моро дар қатори дигар иштирокчиён адиб, журналист, аъзои Иттифоқи нависандагону журналистон, директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия Амирхон Саидзода (Амир Сайиди Мункӣ) намояндагӣ кард ва дар озмуни мазкур ширкат варзид. Натиҷаи баҳогузорӣ маълум намуд, ки Амирхон Сайидзода дар озмуни мазкур бо ҳунару маҳорати худ соҳиби ҷойи сеюм ва туҳфаҳои таъсисгардидаи ҳайати комиссияи озмун гардид.
Амирхон Сайидзодаро дар ноҳия барои иштирок дар озмун ва соҳиби ҷойи сеюм гардиданаш Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини соҳаи иҷтимоӣ Кабирзода Зарҳалбӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ҳусайнзода Файзулло Қурбоналӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Раиси ноҳия ба ғолиби озмун ба Амирхон Саидзода миннатдории кули сокинони ноҳияро бобати ширкат дар озмуни мазкур ва боло бардоштани обрӯи ноҳия баён намуда, Амирхон Саидзодаро вазифадор сохт, то ҷавононро раҳнамун созад, ки дар озмуниҳои гуногун ширкат варзида, обрӯи ноҳияро дар сатҳи ҷумҳурӣ боло бардоранд.