Хабарҳо

НИЁЗМАНДОНРО САРПАНОҲ МЕШАВЕМ

Имрӯз раиси  ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон бо зиёда аз 110 нафар шахсони камбизоату  маъюб ва дигар ниёзмандон  вохӯрӣ доир намуда, аз ҳолу аҳвол ва сатҳи зиндагии онҳо бохабар гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия Сайидҷалол Исматов низ ширкат дошт. Пас аз суҳбат бо ин табақаи ниёзманди аҳолӣ аз тарафи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия ба ниёзмандону маъюбон пояфзолҳои зимистона ва ба он нафароне, ки бемории бистарӣ ҳастанд урибчаҳои тақдим карда шуданд. Аҳли табақаи ниёзманди аҳолӣ аз ин кумаку дастгирии раиси ноҳия ва бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миннатдор буда, ба онҳо изҳори  сипос намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *