28 декабри соли 2023 бо иқдому дастгирии Вазири Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Соли Нави мелодӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои сокинони ноҳия доир гардид.
Дар кушодашавии ярмаркаи маҳсулотҳои ниёзи аввали мардум раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ва дигар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзида бо сокинони ноҳия суҳбати озод оростаанд.
Дар сӯҳбат раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон қайд намуданд, ки ҳама ин ғамхориҳо бо ташаббусу корнамоиҳоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани зиндагии шоиста баҳри мову шумо аст.
Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушт, тухм, орд, картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам ва дигар анвои хӯрокаю навъҳои гуногуни меваҷот нисбат ба бозору марказҳои савдо 40 фоиз арзонтар ва баъзе маҳсулот ройгон ба сокинони имконияташон маҳдуд пешкаш карда шуд.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, туҳфаи хубе бахшида ба Соли Нави 2024 ба шумор меравад.
Мавриди қайд аст, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати сокинони ноҳияи Ховалинг мебошад.