Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг баъди чанде ба соли 2023 падруд гуфта, Соли нави 2024 – умро бо қаноатмандӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз мегиранд.

Соли 2023 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии мамлакат ва мардуми ноҳия ҳамчун соли пур аз воқеаҳои хотирмону фараҳбахш ва соли оғози созандагию бунёдкорӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия ва 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърих нақш хоҳад баст.                                      

Дастуру супоришҳо аз ҷараёни сафари кори Сарвари давлат ба ноҳия ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳое буданд, ки барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ, яъне чор самти стратегии ҳаёти мамлакат аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолтяти энергетикӣ, таҳким бахшидан ба соҳаи коммуникатсия, саноатикунонии босуръати кишвар ва амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ  дар ин самтҳо мусоидат мекунанд. 

Дар соли 2023 санаҳои мубораки Наврӯзи байналмилалӣ, 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,              29    –       солагии

Конститутсияи ҷумҳурӣ, 31 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, рӯзҳои қабули Парчами миллӣ, забони тоҷикӣ ва дигар чорабиниҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ ва сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифта шуданд.

Дар ҷараёни сафари кори Сарвари давлат ва ба муносибати ҷашнҳои боло зикр дар ноҳия як зумра иншоотҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шуданд.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                   

Аз ҷумла, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулотҳои қаннодӣ ва мева хушккунӣ, маркази ташхису табобат, биноҳои комиссарияти ҳарбӣ ва осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ, бинои Ҷамоати деҳоти Шугнов, синфхонаҳо ииловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №50, бозорчаи афсонавӣ дар деҳаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, ошхона ва хобгоҳи донишҷӯён дар назди Коллеҷи хусусии тиббӣ алҳол мавриди истифода қарор доранд.

Мардуми ноҳия иҷрои дастуру супоришҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро ба роҳбарӣ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба пешравӣ ва дастовардҳои муайян ноил гардиданд.

Дар маҷмӯъ соли 2023 бо ҳама бурду бохташ, барои сокинони ноҳия соли пурфайзу бобарор ва умедбахш буд Нақшаи истеҳсоли ғалла донагиҳо, картошка, меваю сабзавот, асал ва маҳсулотҳои саноатӣ, ки асоси пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба шумор мераванд,  таъмин карда шуд. Дар давоми сол ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ  ба 288 827, 4 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ба мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар бобати истифодаи самараноки замин ва ба қадри ду сола захира намудани маводҳои озуқаворӣ дар ноҳия чорабиниҳои зиёде амалӣ гардид. Дар натиҷа истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 12178 тонна расонида шуд. Аз ҳисоби хочагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 7942 тонна картошка, 6620 тона сабзавот истеҳсол карда шуд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист зиёда аз 26000 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуда, 10 гектар боғҳои куҳна барқарор, бунёди боғҳои нав ба 42 гектар  расонида шуд, ки ҳолати сабзиши онҳо 85фоизрот ашкил медиҳад. Дар  соли нав дар назди мардуми ноҳия вазифаҳо оид ба бунёд намудани 40гектари боғи нав, инчунин ба 605 гектар расонидани майдони кишти картошка пешбинишуда аст, ки аз нишондиҳандаҳои асосӣ ба шумор меравад.                                        

Дар моҳи декабри соли 2023 хонандагони синфи 11-уми ноҳия дар даври ноҳиявии озмунҳои фаннии соли хониши 2023 – 2024  иштироки фаъолона дошта, 12 нафар ба даври вилоятии озмунҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд.

 Умедаст, ки аз оғози соли нави 2024 корҳо оид ба бунёду барқарорсозии иншоотҳои муҳим ва сохтмони биноҳои маъмурӣ оғоз  гардида, ба фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии коммуналӣ ҷиҳати таъмини техникаю воситаҳои зарурӣ вусъат бахшида мешавад.

Ҳамдиёрон азиз! Оғози ҳар соли нав нақшаҳои нави зиндагӣ ва дурнамоии қтисодию иҷтимоиро дар худ таҷассум мекунад. Имрӯз тамоми талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии мардум ва рушд бахшидан    ба   соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ,   маориф, фарҳангу маънавиёт, тандурустӣ, сохтмону ободонӣ ва умуман инкишофи ҳамаҷонибаи хоҷагии халқи ноҳия нигаронида шудааст.   

7

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми кишварро  ба фарорасии Соли нави 2024 табрику муборакбод намуда, ба онҳо дастархони пурфайзу бобаракат, фатҳу кӯшоиш ва осудагию осоишро таманно дорам.

Соли Нави 2024

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *