17 сентябр иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухидин Амрудин муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат ва дигар масъулини ҳукумати ноҳия ба Комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-и қисми ҳарбии 0308 ва Дидбонгоҳи 2-юми «25 Қаҳрамон»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд.
Аснои шиносоӣ муҳтарам Набизода Фаррухидин Амрудин бо сарбозони қисмҳои низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол, имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.
Таъкид гардид, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.
Сарбозон дар навбати худ ба масъулини ҳукумати ноҳия барои ғамхории доимиашон нисбат ба ин қисмҳои низомӣ, миннатдории хешро баён намуданд.
Раиси ноҳия ва ҳамроҳонаш зимни шиносоӣ бо дигар имкониятҳои қисми низомӣ аз ошхона ва шаҳраки қаровулӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, бинои таълимии муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои дарсӣ, маҷмааи варзишӣ иборат аз майдончаҳои футбол, волейбол ва обутоби бадан, синфхонаҳои тобистона, ҳаммоми сарбозӣ, анбори нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, нуқтаи тиббӣ, хобгоҳи афсарон, ҳуҷраҳои махсус барои шӯстани либосу пойафзол ва дигар нуқтаҳои маишиву фароғатӣ барои фаъолияти рӯзмарраи афсарону аскарон аз наздик ошно гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки тамоми утоқҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, хобгоҳ ва дигар мавзеъҳои маишиву фароғатии дохили биноҳои мазкур, пурра бо мизу курсӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳудуд ва гирду атрофи қисми низомӣ бошад, бо деворҳои рангуборшуда мустаҳкам гардонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки зимни ин ташриф барои сарбозону афсарони ин қисмҳои низомӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи беш аз понздаҳ ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, баҳри болидарӯҳии онҳо аз ҷониби аҳли ҳунари ноҳия барномаи рангини консертӣ доир карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ба ин қисмҳои ҳарбӣ мунтазам аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг кумакҳои ҳамаҷониба расонида мешавад.
Ҳамин аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад, ва ин нишонаи баланд гардидани ҳисси Ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон ва шароити хуби будубоши аскарбачагон дар қисмҳои ҳарбии мамлакатамон мебошад.