Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия
Аз аввалин рӯзи ба имзо расидани санади созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни (гуруҳи демократихоҳ ва гуруҳи мухолифи апазитсионӣ) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия анҷом шуд 27 сол пур шуд. Мардуми сарбаланди тоҷик ва сулҳҷӯю дӯстхоҳ ҳама сола ин рӯз, яъне 27-июни 1997-ро ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи ҳамбастагӣ, якдилию якдигарфаҳмӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Воқеъан сайъу талоши самимӣ, ҷонисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва қаблу нияти поки ӯ буд, ки тоҷикон ба ин неъмати бебаҳои осоиштагӣ соҳиб шуданду бо азму иродаи ин марди абармард аз вартаи нестию нобудӣ халоси ёфтанд. Ваҳдату осоиштагӣ, тенҷию амонӣ барои ҳар як давлату миллат арзишмандтарин чизест, ки Тоҷикистони азизи мо онро дорад ва таҷлили ин санаи муқаддас дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки тамоми корхонаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд.
Сараввал раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам суханронӣ намуда, аз Ваҳлати миллиро ҳамчун омили асосии муваффақият ва давлатдории тоҷикон, сулҳу субот, дӯстию рафоқат, ҳамдигарфаҳмию ҳамгироии байни халқҳо маънидод намуд. Ҳамчунин зикр намуд, ки дар замони пуртазоти сиёсии имрӯза аз ҳарвақта ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, якдилона боз ҳам барои пойдории Ваҳдати миллӣ ва гул-гулшукуфоии ватани азизи хеш камари ҳиммат мебандем. Ба ҳамагон маълум аст, ки гумроҳию ҷаҳолат, пайрави аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бисёре аз давлатҳои ҷаҳонро аз сулҳу осоиштагӣ дур бурда ба вартаи ҳалокату нобудӣ расонида истодааст, ки ин ҳолати нангину даҳшатборро дар солҳои 1990-1992 ҷанги бародаркӯши тоҷик дидаву аз таърихи хеш гузаронидааст. Ва ҳаргиз намегузорад, ки нохалафу бадбине ин сулҳу амониро халалдор созад.
Инчунин раиси ноҳия дар фароварди суханронияш кулли мардуми Тоҷикистонро аз ҷумла ноҳияи Ховалингро ба пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳия муборакбод гуфта, ёдовар шуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузори намудани Истиқлолияти давлатӣ ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ бо азму иродаи қавӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар охир баҳри болидарӯҳии ҳозирин консерти фарҳангии омода намудаи шуъбаи фарҳанги ноҳия манзури ҳозирин гардонида шуд, ки саршор аз меҳру муҳаббат, сулҳу дустӣ, рафоқат ва Ватандустию хештаншиносӣ буд, ки хеле ҷолибу ибратбахш буд.
То ҷовидон поянда бод, Ваҳдати миллии тоҷикон!