Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТӢ

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисию табобатии назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд.

Марказ дар ошёнаи якуми бинои панҷошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ мешаванд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкор Абдулло Ҳасанов тули ҳафт моҳ бо сатҳу сифати баланд сохта шуд. Он дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.

Ҳайати омӯзгорони доимӣ 45 ва муваққатӣ 22 нафарро ташкил дода, онҳо дорои малакаи баланди касбӣ ҳастанд. Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин бисёр намуди таҳлилҳоро гузаронанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марказ беш аз 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуд.

Ҳар як ҳуҷра ва нуқтаҳои хизматрасонии маркази ташхисию табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи беморон фароҳам аст.

Ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ ҳашт намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад. Ҳамчунин, дар марказ барои қабули беморон 10 кати хоб мавҷуд мебошад.

Ҳадаф аз таъсиси марказ дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ва гузарондани машғулиятҳои донишҷӯён аст.

Акнун, сокинони ноҳия метавонанд аз хизматрасонии марказ васеъ истифода намоянду донишҷӯёни Коллеҷ таҷрибаомӯзӣ кунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои арзанда дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони ҳирфавӣ роҳнамоӣ карданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *