Хабарҳо

Табрикоти идонаи раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам бахшида ба “Рӯзи матбуот”

Қаламбадастони арҷманд!

Рӯзноманигорони азиз!

Ифтихормандам, ки Шуморо ба муносибати иди касбиатон, ки ба баҳори нозанин рост омадааст, самимона таҳният мегӯям.

Дар тамоми давру замон мақом ва нақши рӯзноманигорон ҷойгоҳи хосаеро дар байни ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон вобаста ба интишор намудани хабар ва маводҳои таҳлилие, ки боиси баланд гардидани маърифатнокию маълумотнокии онҳо мегардид, соҳиб буд.  Рӯзноманигорони асиле, ки дар давраи фаъолияти шахсӣ барои манфиати ҷомеа, давлат ва миллати худ саҳми муносибе гузоштааст то кунун дар саҳифаҳои таърих номи ӯ вирди забонҳост.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо васоити ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дошта, барои дастгирии моддию маънавии рӯзноманигорон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиби рӯзҳои баҳорӣ, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ховалинг барои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона заҳмат кашида истодаанд, кулли қаламкашон, аҳли матбуоти ноҳияро ба “Рӯзи матбуоти тоҷик” табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки воситаҳои ахбори омма дар инъикоси дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми амиқ мегузоранд.

Иди касбӣ муборак, журналистони Ватан!