Хабарҳо

Ховалинг – ганҷе дар дили Тоҷикистон

Ховалинг – ганҷе дар дили Тоҷикистон

Тоҷикистон бо таърихи бою қадим ва адабиёти пурғановату оламшумулаш қалби ҷаҳониёнро ба худ тасхир кардааст.

Маҳз табиати рангину зебо, обҳои мусаффо, куҳҳои осмонбӯсу сарбафалаккашида ва таърихи кӯҳанбунёду тамаддунофари ин сарзамин Тоҷикистонро ба оламиён шинос намуд.

Ховалинг яке аз гушаи хушбоду ҳаво ва зебоманзараи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин ноҳия 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфта бо ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ, Кӯлоб Муъминобод ва Дарвоз ҳамсарҳад мебошад. Ноҳияи Ховалинг дар масофаи 280 километр дуртар аз Пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе воқеъ буда, масоҳати умумии ноҳия 173,8 ҳазор км мураббаъро дар бар мегирад. Ноҳияи Ховалинг дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр баланд воқеъ буда, 92,2%-и онро куҳҳо дар бар мегирад ва дорои иқлими континентии миёна мебошад. Аҳолии ноҳия бошад 58143 нафарро дар бар гирифта, хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт буда, дар ҳаёти иқтисодии сокинони ноҳия нақши аввалиндараҷа дорад. Ноҳияи Ховалинг аз 1 ҷамоати шаҳрак ва чор ҷамоати деҳот иборат мебошад. Аз ҷумла ҷамоати шаҳраки Ховалинг, Ҷ/Д Ҷонбахт, Лоҳутӣ, Ғафор Мирзо, Шугнов ва 56 деҳа иборат аст.

Ноҳияи зебоманзари Ховалинг дар давоми 29 соли истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Президенти мамалакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷиҳата рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии аҳоли ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардидааст.

Дар якчанд соли охир даҳҳо ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз ҷумла ба ноҳияи Ховалинг омада, бо дидани ин сарзамини бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва лутфу меҳмоннавозии тоҷикон дар тааҷуб мондандва онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таассуроти худро аз Тоҷикистон бо самимияти зиёд ва эҳтироми хоса инъикос кардаанд.

Диёри Ховалинг, ки марказаш дар таҳҷои шаҳри қадимаи Мунк доман паҳн кардааст, аз замонҳои пеш бо таърихи боғановат, табиати дилфиреб, меҳмоннавоз, ҳунарманд, мардони ғаюр, паҳлавонони номӣ ва адибонаш машҳур мебошад.

Аз рӯи тадқиқоти бостоншиносон Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳҳангии Бухорои Шарқӣ буда, шоҳрои Абрешим аз он мегузаштааст. Сарзамини Ховалинг қадимтарин музофоти Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи гуфтаи бостоншиносон таърихи Ховалинг ба 950 ҳазор сол мерасад. Ховалинг бо доштани мавзеъҳои таърихӣ ва оромгоҳҳои бузургворрон аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад.

Шукуҳи Чилчанору чашмасорон, оромгоҳҳои Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Заволак, ёдгориҳои табии Чилчанор, чашмаи Қазаган, чашмаи Сурхансақова, (мавзее, ки қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ гулхан афрухта, мардумро ба шӯриш алайҳи манғитиён даъват намудааст), чашмаи Зардпарвин, Санги рама, чашмаи Шӯр, Курӯшак, Замбурак ва ғайраҳо, ки дар чандин дардҳо давоанд дар ин диёр ҷой гирифтаанд. Яке аз мавзеъҳои таърихӣ, ки диққати сайёҳонро ҷалб кардааст, осорохона-мамнӯъгоҳи Восеъ ба ҳисоб меравад. Барои боз ҳам зиёд ташриф овардани сайёҳон дар назар аст, ки дар низди осорохона осоишгоҳ бунёд шавад. Тибқи иттило дар муассисаи давлатии осорхона-мамнӯъгоҳи Восеъ бо дастгирии Кумитаи рушди иқтисод осоишгоҳи табобатӣ сохта мешавад, ки дорои 50 ҷойи хоб, чойхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бинои он аз панҷ ошиёна иборат хоҳад буд. Дар он 5 автомашинаи сабукрав, 30 аспу хар барои хизматрасонӣ ҷалб хоҳанд шуд. Он барои сайёҳону меҳмонони хориҷӣ пешбинӣ шуда, барои рушди туризм мусоидат менамояд.