Ин каломи нафарест, ки бо исми мустаораш Бобои Ғадак ёд мешавад. Ӯ айни ҳол ба синни 76 расида, баъди маҳкум шудан ба 5 соли зиндон бо адои 3 солу 9 моҳи маҳбас бо сабаби аъзои ҳизбу равияҳои ифротӣ аз ҷумла ҳизби мамнуъи ҲНИТ бо раҳму шафқат ва сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авф шуда, дар авфи тиллоие, ки моҳи октябри соли 2019 қабул шуд озод шуда, кунун канори фарзандон ва аёли хеш бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи меҳан умри азизи худро сипарӣ менамояд. Ҳангоми дидор ва ҳамсуҳбат шудан бо ӯ доир ба ин ки чӣ гуна аъзои ҲНИТ шуд ва дар тули шомил будан ба ҲНИТ чӣ манфиат дид суол кардем. Бобои Ғадак суҳбатро бо афсуси роҳи каҷ рафтанаш аз овони ҷавонӣ оғоз кард. Аз суҳбаташ маълум, ки вай баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи онвақта дигар таҳсили илм накард ва маълумоти олии касбӣ надорад. Аз Бобои Ғадак бобати чӣ гуна омӯхтани забони арабӣ ва шомили ҳизби ХНИТ шудан пурсон шудем, ки гуфт: -Дар соли 1970 муддати 3 сол назди муллое бо номи Сафари Язгуломи шабонгоҳ ё дар вақтҳои мусоид барои омӯхтан ва аз бар кардани забони арабӣ ва масъалаҳои динӣ мерафтем. Баъдан дар шаҳри Кулоб будани мулло Абдураҳими Карим гоҳ-гоҳ рафта аз у сабақи динӣ меомӯхтем, ки онҷо шогирдонаш низ ҷамъ меомаданд. Бобои Ғадак бо вуҷуди ин ки аз муллои худ масоили динӣ ё забони арабиро меомӯхт аз маънои аслии он огоҳ набуд. Инро ҳам муллояш ба ӯ намеомӯзонд, зеро ба гуфти вай шояд барои омӯхтани маънои он чӣ ки меомӯхт илми “Саҳву наҳв” лозим буд, ки ҳаргиз насибаш нашудааст. Оҳиста-оҳиста бо чанд нафар шогирдони мулло Абдурахими Карим (ш. Кулоб) шиносоӣ пайдо карда, билохир бо даъвати домуллояш аъзои ҲНИТ гардид ва ин ҳизб бо тавре то замони мамнуъ гаштанаш фаъолияти пинҳонию густарда кард. Ба ибрози Бобои Ғадак дар ноҳияи Ховалинг ҳам ин ҳизб фаъолият дошт ва онҳо ҷаласаҳои худро дар ҳафтае як маротиба ва онро ҳам рӯзҳои ҷумъа дар доираи аъзоёни ҳизб доир мекарданд. Барои аъзои ҳизб шудан аз рӯи қоидаҳои ҳизби шахсони ба синни 18 расида баъди 2 соли омӯхтани шахсияташ даъват менамуданд, ки то ин дам вай зери назорати доимӣ қарор дошт. Дар ҳолати ҷиноят содир намудани шахси аъзои нав масъули он, яъне шахсе, ки вайро даъват ва муаррифӣ намудааст айбдор дониста мешуд. Дар ҳолати ифшо шудани ягон масъала ё шахси аъзои ҳизб нафари гумонбар “аҳли ташайъӣ” яъне хабаркаш, одамфурӯш номида мешуд. Бештари ҷаласаҳои хизбӣ бо фаъолон, бахшҳои фарҳангӣ, динӣ, ҷавонони ҳизби нахзат доир карда мешуд, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо. Бобои Ғадак ҳамчун аъзои фаъоли ин ҳизб аз соли 2010 то соли 2015 баъди роҳбари пештарааш раиси Ҳизби мамнуъи НИТ фаъолият карда, дар ин муддат 186 аъзо доштааст. Вобаста ба ин ки аз соли 1982 то соли 2015 фаъолият доштанаш дар ин ҳизб чӣ манфиат меёфт пурсон шудем. Ин каломи худи ӯст, ки мегӯяд: “Фикр мекунам як нафар худаш танҳо ҳеҷ кор карда наметавонад. Ман борҳо мехостам аз ин ҳизб халос гардам. Баъди эълони ин ки ҲНИТ ҳизби террористӣ дониста шуд борҳо хешу акрабонам аз ман хостанд аз ин ҳизб даст кашам, зеро мақсади ин ҳизб маълум буд, аммо ман гумроҳ будаму ба суханони онҳо гуш надодам. Вале, мехоҳам иброз кунам, ки он ҳизбу ҳаракатҳои дигаре, ки бо шиорҳои исломӣ баромад мекунанд ба мисоли “ҲНИТ”, “Такфир”, “Таҳрир”, “Мадхалӣ”, “Салафия” ва амсоли ин билкул дурӯғ аст, онҳо барои фиреб додани мардум ва иғво андохтан миёни ҷомеа мебошанд. Ман шахсан аз ҳамаи ин безорам. Инҳо чизе нест ба ҷуз мардумфиребӣ. Касоне, ки шомили ин гурӯҳҳо ҳастанд мардуми фиребхӯрда ҳастанд. Аслан Саид Абдулои Нурӣ ва Мухиддин Кабирӣ, умуман хамаи рохбарияти ҲНИТ душмани миллати точиканд, онхо миллатро ба гумроҳӣ мебаранд. Ман алакай солхои охири фаъолияти ин хизби террористӣ, яъне солхои 2010-2011 дарк карда будам, ки рохи ҲНИТ рохи гумроҳон мебошад, аммо ман алакай пойбанди ҳилаву найранги бозингарон шуда будам ва илоҷе надоштам. -Ба наврасону ҷавонон чӣ гуфтаниед доир ба ин гурӯҳҳо ва амалҳои онҳо? Ман миннатдории худро ба Сарвари кишвар мерасонам, ки ба зами ҳамаи ин боз моро авф кард, ки ин ҷасорату мардонагӣ, сиёсати инсонпарваронаи вайро нишон медиҳад. Дар воқеъ аз он, ки маҳкум шудам розиям. Зеро ин боис шуд то ман аз роҳи ғалату гумроҳии худ баргардам. Умед дорам Худованд гуноҳи моро бубахшад. Ба наврасону ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки фирефтаи суханони бардуруғи чунин афрод нашаванд, он фиребу хатое, ки мо кардем онҳо накунанд. Дуо мекунам, ки кишвари мо ҳамеша дар амон бошад, сулҳу субот дар ҷомеа пойдор бошад… Н.М.- Бобои Ғадак Мусоҳиба бо Ализода М.
Сабтҳои охирин
Ҷашни рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар МТМУ №2
Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ҷашни таъсисёбии 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодагии ҳамаҷониба таҷил намуданд. Дар ин рӯз саҳни муассиса ба таври ҷашнӣ ороста шуда буд ва шиорҳои «Барои Ватан ҷон фидо мекунем», «Хизмат ба Ватан саодати мост», «Ватан баро мо модар аст ва онро аз дилу ҷон хизмат менамоем» […]
Амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардад.
Мегӯянд, ки терроризм падидаест, ки инсониятро дар тулии таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, ки ин беасос нест. Зеро дар ибтидои асри 16 ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари ҷиддие, ки одаму оламро таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Дар охири асри 19-20 амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле […]
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist Organization
The countries of the SCO Regional Anti-Terrorist Structure (RATS), CIS Anti-Terrorism Center (ATC) and the Collective Security Treaty Organization (CSTO) recognize the Islamic Renaissance Party as a terrorist and extremist organization (TEO IRP).