Хабарҳо

Маҷлиси васеи омӯзгорони ноҳия.

Таърихи 13-уми августи соли 2020 дар толори қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси васеи кормандони шуъаи маориф ва омӯзгорону толибилмон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, органҳои марбута ва мудирони бахшҳои МИҲД-и ноҳия ба миён гузошта шуд. Қабл аз оғози машварат роҳбарони МТМУ-и ноҳия маҳсули дасти толибилмон ва омӯзгорони муассисаҳои ноҳияро ба маърази тамошо гузоштанд.

Машваратро мудири тозатаъини шӯъбаи маорифи ноҳия Маҳамадназар Амирсаидов ифтитоҳ бахшида, нахуст суханро ба иҷрокунандаи раиси ноҳия Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло дод. Мавсуф рисолати аҳли ин самтро бисёр олӣ арзёбӣ намуда, мартабаи ин табааи ҷомеаро низ самимӣ хотирнишон сохт. Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло дар рафти иродаи сухани хеш аз бурду бохт ва саҳми омӯзгорон дар ҷамъияти дирӯзу имрӯз ва фардои давлату ҳукумат андешаронӣ намуд. Сипас, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Маҳмадназар Амирсаидов бо ҳисобот баромад намуда, оиди бурду бохти соҳа ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли таҳсили 2020-2021 ҳарф зад. Сипас риштаи суханро иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳия Тағоев Давлат Гулмуродович, раиси ҲХДТ дар ноҳия Сафархуҷа Халилов ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Дилшод Шеров ба даст гирифта перомуни масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардидаи маҷлис ва мавзуъҳои ба он тааллуқдошта андешаҳои худро иброз доштанд. Мавриди зикр аст, ки раиси ҲХДТ дар ноҳия Сафархуҷа Халилов, мартабаву мақоми омӯзгорро хеле ва хеле олӣ пиндошта бо самимият ва шеваи эҳтиром андешаҳояшро анҷом бахшид. Дар идомаи баромадҳо ба ҳозирин имконияти андешаронӣ фароҳам гардид. Як толибилм бо арзи эҳтиром аз иҷрокунандаи раиси ноҳия Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло хоҳиш намуд то бинобар сабаби нарасидани кадрҳои тахассуси муассисаашонро бо омӯзгорон таъмин намоянд ва дархости толибилм аз тарафи роҳбарият хуб пазироӣ гардид. Дар машварати ба миён омада аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шӯъбаи маориф ба собиқадорону омӯзгорон ва толибилмон барои хизматҳои шоён ва иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Нозим Раҳимзода.