Хабарҳо

Дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бетараф набошем

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон,  миллат  ва дин надорад. Ин бадбахтӣ оламшумуле  гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар  кӯмак расонда, тадбирҳои  худро мувофиқ сохтан зарур аст». Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур  боиси бамиён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ,  расонидани зарари вазнин,  таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ,  иҷтимоӣ ва динӣ  мебошад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.  Айнӣ замон амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда, дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо  ба мушоҳида мерасад. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро моқабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол  мекунад. Қайд кардан ҷоизаст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба  амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад,  дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон: – дар дин, сиёсат,  идеология,  илм ва ҳатто  дар варзиш низ бамиён  ояд. Дар  таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ  ва интишор мекунанд.  Айни замон ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ бо номҳои: Ташкилоти «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (Собиқ Харакати Исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», Ташкилоти «Бародарони Мусалмон», Ташкилоти «Лашкари Тайиба», Гурӯҳи  Исломӣ  (Ҷамоати  Исломии  Покистон), «Ҷамъияти Таблиғ», Ташкилоти динии миссионерии «Созмони таблиғот» («Даъват ба Ислом»), «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ»,  Ҳаракати  ҷамъиятии «Гурӯҳи 24»,  Равияи  динии «Салафия», Ташкилоти «Давлатии  исломӣ» («Давлати  исломии Ироқу Шом»), Ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра» («Ҷабхат ан Нусра»), Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Ташкилоти «Паймони мили Тоҷикистон», «Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ, Священная война)», «Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ ал- Иҷтимоӣ, Обшество социальных реформ)», «Ҷамъияти  эҳёи  мероси  исломӣ (Ҷамъият Иҳёат-Тураз ал-Исломӣ, Обшество возрождения исламского наследия)», «Хонаи дузиёратгоҳ (Ал-Ҳарамайн, Дом двух святых)», «Ҷуидаш-Шом (Артиши   Шоми Бузург, Войско Великой Сирии)», «Ҷиҳоди  Исломӣ- Ҷамоати Муҷоҳиддин (Исламский джихад-Джамаат моджахедов)», Иттиҳоди экстримистии «Шоҳи дони Яҳво» (Свидетели Иеговы) ва монанди инҳо барои анҷом додани  ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии  ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар  сарватҳои зеризаминӣ,  ки  паси  он  миллионҳо меистанд. Бояд ёдовар шуд, ки ташкилоту ҳаракатҳои болозикр, ки ҳамчун гуруҳҳои террористӣ –экстремистӣ шинохта мешаванд, тибқи қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст ва ҳамагуна ҳамкорӣ, кӯмак, аъзо шудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ – экстремистии номбурда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти  онҳо қатъиян  манъ аст. Барои ҳамкорӣ,  кӯмак, аъзошудан ба ташкилоту ҳаракатҳои  террористӣ –экстремистии  зикршуда,   тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти онҳо тибқи Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷавобгарии  ҷиноятӣ  муқаррар  шудааст. Вобаста ба гуфтаҳои  боло, Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи  ҷаҳонӣ  мубориза бар зидди терроризм  ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар инсамт  тадбир андешӣ  намуда истодааст. Мо, мардуми тамаддунофар ва бофарҳанги миллати  тоҷик,  бояд ҳамеша бо  суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода ва сиёсати хирадмандонаю  бунёдкоронаи  Пешвои  муаззами миллатро  дастгири намоем.

  Прокурори  ноҳия

  Мушовири  адлияи  дараҷаи 1

Мирзозода С