Санаи 12-уми феврали соли равон дар толори китобхонаи марказии ноҳия Конфренсияи илмӣ оммавӣ-адабӣ дар атрофи ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар доираи устодону донишомӯзон ва кормандони бахши фарҳангу китобхонаи марказӣ ва хонандагон – ахзоёни фаъоли китобхона доир гардид.
Дар оғози ин Конфренсия директори китобхонаи марказии ноҳия Маҳсиддин Сайтоҷов баромад намуда, сараввал мавсуф оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва фарқияти ҳамин озмун нисбати соли гузашта маълумот дода, ҳамзамон аз манфиати баргузории чунин озмуну чорабиниҳо ибрози андеша намуд.
Ҳамин гуна толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияи давлатии ноҳия баромад намуда, атрофи асарҳои азбарнамудаашон қиссаҳо ироа карда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи маъмурият посухҳои қонеъкунанда гардониданд.
Толибилмон аз асарҳои устод Садриддин Айнӣ порчаҳо қироат намуданд, ки Муҳаммадҷони Зоиршоҳ хонандаи синфи 6-иМТМУ №6 (аз повести Одина), Аҳмадҷон Сироҷов хонандаи синфи 6-иГимназияи давлатӣ (Ҳолномаи Устод Садриддин Айнӣ), Саймаъруф Қодиров хонандаи синфи 5-и Гимназияи давлатӣ (Мактаби куҳна), Саидаи Раҷабалӣ хонандаи синфи 6-и МТМУ №6 (Ятимон), Сангимо Мирзошарифова хонандаи синфи 8-и МТМУ № 6 (Марги судхӯр), Динмуҳаммади Низомуддин хонандаи синфи 6-и МТМУ №1-и ноҳия (Темурмалик) аз хонандагони фаъол дониста шуданд.
Дар қисмати дуюми Конфронс, ки аз саволу ҷавоб иборат буд, ки дар ин бахш Сангимои Мирзошариф аз худ фаъолнокии бештар нишон дод.
Дар охири кори Конфронс мудири шуъбаи библографии китобхонаи маркази Шаҳзода Ҳақназарова оиди баргузорӣ ва ширкати соҳибдилон ва дӯстдорони китоб баромад намуда, миннатдории хешро иброз дошт.
Нозим Раҳимзода