Хабарҳо

Об неъмати бебаҳо ва сарчашмаи рушди хоҷагии халқи кишвар

Об неъмати бебаҳо ва сарчашмаи рушди хоҷагии халқи кишвар

         Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ташаббус ва иқдоми бузургу башардустонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳисоб меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони саёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Он эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом ба маротиб баланд бардошта, барои истифодаи мақсадноки ин неъмати бебаҳо дар саросари дунё мусоидат хоҳад кард.Агар ба таърихи оғози ин иқдом назар андозем ҳанӯз эълони Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор»  бори аввал аз ҷониби Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар рафти форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд.

Қатъномаи  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, ки 21- декабри соли 2016 дар Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, ифтихори тамоми мардуми тоҷик мебошад. Бояд қайд кард, ки истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Ватани азизамонро таъмин менамояд. Дар ин замина масъалаи об ҳамчун муҳимтарин воситаи сарчашмаи ҳаёт соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми азизамонро ташкил  медиҳад

Мутобиқи қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор»  эълон гардид, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шуруъ шуда,  22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Бад ин васила 22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об эълон шудааст.

Омӯзгори ЛКТИ-и  н. Ховалинг Ардашер Исломов