Мо модарон ба аёдати фарзандон – сарбозони Ватан меравем
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг 25-уми феврали соли равон бо роҳбаладии роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг, Искандар Бобоназаров 40 нафар модарон дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили рӯзи артиши миллӣ ва баргӯзории рӯзи модарон аксия таҳти унвони “Мо модарон ба аёдати фарзандон – сарбозони Ватан меравем” ба аёдати фарзандони худ, ки дар қисмҳои ҳарбии Қушнҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат менамоянд дидан намуданд.
Модарон аз шароити зисту зиндагии фарзандони сарбози хеш дар қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5552-и шаҳри Душанбе огоҳ гардида, минатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, изҳори қаноатманди намуданд.