Хабарҳо

Коронавирус санҷишест барои абарқудратҳо

Коронавирус санҷишест барои абарқудратҳо

Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқиятҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – сирояти коронавирус дар изтиробанд.

Табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нестанд. Мутаассифона , баъзе шахсони ҳангомаҷӯй ва гурӯҳҳои иғвоангез бо истифода аз ин ҳолати бавуқуъомада манфиатҳои худро роҳандозӣ намуда, мардумро ба таҳлука меандозанд.

Коронавирус беморӣ аст. Муқобили он бо саъю талош, риояи гигенаи шахсӣ, ҷамиятӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан бояд мубориза бурд.

Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва онҳое, ки вориди кишвари мо мегарданд, вобастагии калон дорад. Ҳадаф ва мақсади аслӣ ҳифзи солимии миллат аст!

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту муассиса, хона ба хона ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус танҳо кори кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ набуда, мебояд дар бартараф намудани ин вабои аср ҳамагон саҳмгузор бошанд.

Мо мардуми бо нангу номуси тоҷик бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, сокинони кишварро бо оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ки ба эҳсос, ҳарос ва воҳимаву таҳлука наафтанд. Набояд ҳангомаҳои сохта, мардуми дар изтиробмондаро роҳгум занонида, ҳадафу манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии душманони миллатро амалӣ созад.

Ҳоло дар ҷаҳон гӯё ҷанг меравад ва ин ҷанг беморӣ аст! Дар ҷанг мубориза мебаранд. Силоҳи муборриза ба ин вабо покизагӣ, озодогӣ, парҳез ва ҳифзи саломатии худу дигарон аст.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки то коронавирус ҷаҳон бо таҳдидҳои кишварҳои абарқудрат рӯ ба рӯ буд. Ҳоло он ҳама фаромӯш шуд ва ҳатто кишварҳое чун Амрико ва Руссия, ки дар ҳоли рақобат буданд, аз таҳдиди ин беморӣ ба худ омада, бо ҳам дасти мадад дароз карда истодаанд.

Ҳоло маълум нест, ки таҳдиди коронавирус ба кишварҳо ва умуман, ба ҳаёти сайёра то кадом андоза таъсир мегузорад. Ба ҳар сурат, абарқудратҳо бо дарки воқеъият аз баҳри нақшаҳои ҷаҳонгиронаи худ гузашта, андешаи ҳифзи ҳаёт ва рақобати солимро кунанд, беҳтар аст.

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз дар назди ҳар яки мову шумо масъулияти бузург меистад, масъулияти ҳифзи саломатии худ ва атрофиён. Мо бояд сатҳи маълумотнокии худро оид ба пешгирии сирояти коронавирус баланд бардорем, ки ин ҳам оддиву сода аст. Танҳо риояи гигенаи шахсӣ, канор гирифтан аз ҷойҳои серодам ба хотири солиму бардам нигоҳ доштани худ ва атрофиён.

Тарсу воҳимаро як сӯ гузорем, ба кори ҳаррӯзаамон машғул бошем, фақат эҳтиётро фаромӯш накунем.

Давлати Чин аввалин кишваре буд, ки гирифтор ба ин беморӣ гардид ва дар роҳи мубориза ба ин вирус ягон таҷриба надошт, аммо коронавирусро як ҳодисаи одӣ не, балки ҷиддӣ қабул намуда, ҳолати авҷи онро боз дошт ва дар мудати 3- моҳ хатарашро аз байн бурд.

Ҳаминро бояд дарк намуд, ки дар кишварҳои абарқдрат, Худо накунад, ки ин вабои аср тӯлони давом кунад, чунки дигар на мансаб фоида дораду на боигарӣ, ба ҷузъ ҷон ва зинда мондан.

Айни замон дар сайёра сиёсатро на давлатҳои абарқудрат, балки вабои даҳшатафкан Cov-19 ҳокимӣ мекунад.

Ин вабои фоҷиаовар на парвои воҳимаоварии Трамп карду, на сиёсати мураккаби Путин ва на иқтисодиёти баланди Чину давлатҳои абарқудрати Аврупоро. Ҳушдор дод, ки пеши марг техналогияи кайҳонӣ, бойигарии зеризаминӣ ва ҳатто воҳимаи абарқудратҳо, ки сайёраи заминро байни худ тақсим намудан мехостанд, ҳеҷ аст.

Ҳой, абарқудратҳо, бинеду хулоса бароред, ки аз моҳи декабри соли 2019- ум сайёраи моро чӣ вабои даҳшатафкан ҳукумронӣ карда истодааст, ки касе ҷуз Худованд ба додамон намерасад…

Зинда мондан, раҳоӣ аз марг ва роҳи шифо ёфтан аз ин беморӣ нияту орзуи якуминдараҷаи мардуми сайёра гардидааст.

Дасткӯтоҳию бечорагии давлатҳои тарақикардатарини олам назди ин вабои аср кӯлли шаҳрвандони сайёраро ноумеду дилшикаста кардааст.

Ҳаминро ҳамагон дарк намоянд, ки фавти инсоният чи мусулмону чи ғайри он аз ин бемории даҳшатафкан бояд пеши роҳи ҳама бадиҳоро бигираду дар фикри инсоният танҳо андешаи дӯстӣ, бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва некӣ бошад, чунки ин сайёра соҳиби худро дорад…

Ин вабои охирзамон санҷишест ба сари одамият, ки равиши зиндагиро тағйир дода истодааст.

Таърих чунин балои мудҳиш ва оқибатҳои фоҷиаоварро ёд надорад.

Маълум шуд, бақои инсоният дар якдигарфаҳмӣ, муҳаббат ва бародарист, на дар душманӣ!

Бо боварии комил иброз намудан мумкин, ки пас аз ин вабои фоҷиаовари асри 21- давлатҳо ба хусус абарқудратҳо муносибат ва сиёсатҳояшонро тағйир дода, нисбат ба ҳамдигар хайрхоҳу дурандеш мешаванд.

Зеро дар назди Худованд ҳама баробаранд ва арзишу подош фақат дар меъёри неку бад баҳогузорӣ мешавад ва фоҷиаҳои инсонӣ нисбат ба ҳам баробар буда, парвои мансаб, дороӣ ва қавму авлодро надорад.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ба оянда бо боварӣ назар афканем, ояндаро дӯст дорем, нисбати ҳар гапу калоча бошуурона рафтор кунем ва ба зиндагӣ, ба ҳайёт бо диду назари нек нигарем.

Риояи гигиенаи шахсӣ барои ҳар як сокини сайёра ҳатмист. Мо бояд ба таҳлука наафтода, фаъолияти худро барои ободонӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ ба роҳ монда, барои самаранок истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ, қитъаҳои замини назди муассисаю ташкилотҳо, таълимгоҳҳо, дар маҷмуъ аз тамоми шароитҳо истифода намоем, то ки амнияти озуқаворӣ пурра ҳалли худро ёбад.

Аминем, ки мардуми бонангу номуси мо дар ин рӯзҳои вазнин дар атрофи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо истифода аз маърифат, одоби ҳамида, озодагӣ ва риояи суннатҳои миллӣ аз ин вабои аср эмин мемонанд.

Бо бовари иброз менамоям, ки нияти пок ва хиради азалии миллатамон сипари наҷоти кишварамон мегардад.

Халилзода С.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.