Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона мебошад адолат дар ин сарзамини биҳиштосо ҳукмфармост. Новобаста аз оне, ки чӣ нисбати ифротиён бошаду чӣ нисбат ба дигарон. Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбини кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пайи хоҷагонашон бояд дарк кунанд роҳе, ки онҳо интихоб кардаанд, бозгашт надорад. Яъне амалу рафторҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад. Муҳамадиқболи Садриддин низ аз зумраи он нафароне ҳаст, ки аз дури ба миллати хеш санги маломат мезанад. Ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр шахсоне ҳастанд, ки дар як давлат таваллуд шуда ба воя расидаанд ва имрӯз бо фармони хоҷагони хориҷияшон нисбати давлати худ беадолатиҳоро раво мебинанд. Онҳо ки худ гунаҳкор ҳастанд тасаввур мекунанд, ки дигарон низ ба монанди онҳоянд ва адолатро риоя намекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки мудири пойгоҳи “Ислоҳ” ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ӯ зимни як мусоҳибааш гуфтааст, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҷои пуштибони аз шариати исломӣ барои анҷоми дастурҳои ҳукумат бештар миён бастааст ва бо ин далел “Рӯҳониёни мустақил ва мардуми тоҷик бояд шӯрои дигаре ташкил дода, ба умури динии миллат бипардозанд”. Шӯрои уламо як ташаккуле аст, дар хидмати ҳукумат, раиси ҷумҳур ва кумитаи амният буда, ки онҳо ҳарчи амр кунанд, маҷбуранд амалӣ намоянд. Зарурияти ташкили шӯрои уламои диниро Муҳаммадиқболии Садриддин дар он медонад, ки ҳатто таҳвин ба уламову руҳониён аз сӯи мақомоти давлатӣ ва гумоштаҳояш ба тарзи бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ин гуна шахсони пастинат, ки зери фишори дигар ташкилотҳои ғайри расмию хоҷагони бадсиришти хориҷӣ қарор доранд ва ба амру гуфтаҳои онҳо амал мекунанд, худ низ дар роҳи баданд ва боз мехоҳанд дигаронро ба доми худ баранд. Алакай ҳама аз рафтору кирдори ин ватанфӯрушон огоҳанд ва намехоҳанд ба мисли онҳо шаванд.
Сабтҳои охирин
ҶАЛАСАИ ГУРУҲИ КОРӢ ОИД БА ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ
Санаи 28 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бинои “Меҳмонхона – истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-и ноҳияи Ховалинг ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия-гуруҳи идоракунии сатҳи сиёсӣ баргузор гардид. Аъзоёни гуруҳи кориро дар назди даромадгоҳи меҳмонхона И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин, сардори ШВКД дар ноҳия Амрдинзода Ҷумахон ва дигар масъулини ноҳия […]
Кумаки Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Ховалинг
20-уми майи соли ҷорӣ дар идомаи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории коронавируси намуди нави COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 6 мошини пурбор кумаки моддї аз пойтахти мамлакат дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба ноњияи Ховалинг ворид гардид. Кумакҳо, ки аз маводи […]
С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»
С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!» Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем: