Хабарҳо

АЗ ХИЁНАТҲОИ СОБИҚ ҲНИТ

Дар даврони Шуравӣ дин падидаи зараровар,занҷири пои прогрессу тараққиёт дониста шуда,мудом бар зидди он мубориза бурда мешуд, дар ҳамаи донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ таълиму тарбия характери зидди динӣ дошт. Баъди пошхурии давлати Шуравӣ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин пурра тағйир ёфта,зимнан тамоми шароитҳо барои рушду ривоҷи дин муҳайё мебошад. Дар солҳои даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17- адад масҷидҳо фаъолият мекарданд ва 30- нафар шаҳрвандон  озими «Хонаи Худо» Ҳаҷи Акбар гардида буданд. Имрӯз бошад дар муддати 29 соли Истиқлолияти давлатӣ  зиёда аз 4000 масҷидҳо фаъолият доранд ва зиёда аз 250 ҳазор шаҳрвандон ба таври расмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таълими динӣ гирифта, дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон 1500 донишҷӯ таҳсил менамоянд.. Ғайр аз ин зиёда аз 20 китобу рисолаҳои гуногуни динӣ, бахусус Қуръони Карим тарҷума ва нашр карда шудаанд, соли бузургдошти пешвои мазҳаби мо, тоҷикон Абуҳанифа Нӯъмон Ибни Собит- Имоми Аъзам ва монанди инҳо далели равшани таваҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дин ҳамчун яке аз рукнҳои ассосии фарҳанг ва ҳуввияти миллии мардуми тоҷик мебошад. Таваҷуҳи хоса зоҳир менамояд.Бо вуҷуди ин гуфтаҳо дар даврони Истиқлолият дар Ҷумҳурӣ даҳҳо ҷунбиши ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд.Аммо мутаасифона таъсири дин на барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва беҳбудии ҳаёти халқ, балки барои тафриқа ва ҷудоиандозӣ ба тундгароию экстремизм,ғасби ҳокимият равона шуда буд. Меоем ба сари мақсад ва ёдовар мешавем, он рӯзҳои даҳшатбори солҳои 1992-ро ,маҳз бо таъсиррасонииТЭТ ҲНИ ва пайравони ӯ ҷараёнҳои «ваҳобия ва салафия» «Ҳизбут- таҳрир » «Ҳаракатҳои Исломии Узбекистон» ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мардуми Тоҷикистонро бо гуруҳҳо ҷудо намуда, кишварро ба дараҷаи фалаҷ расониданд ва кӯшокушӣ сар шуда, мардуми Тоҷикистон фирорӣ гардид.Падар бо писар, духтар бо модар ва бародар бо бародар бо якдигар душман шуданд.Тариқи садою симо гиряю мотами зани тоҷик дили бинандаро реш-реш мекард. Ҳар як  нооромӣ  ва  ҷангу  иғво  дар  паяш  чунин  бадбахти  ва  талафоти  ҷонӣ  дошта,  хуни  фарзандони  бегуноҳи  дар  роҳи  хифзи  марзу  буми  Ватани  азиз  рехта,  дар  гардани  афроде  чун  Муҳиддин  Кабирӣ ва  даҳҳо  дигар  гумроҳшудагони собиқ  аъзоёни  ҲНИТ-и Точикистон    мебошад. Ҳизби  наҳзати  исломи  Тоҷикистон  аз  аввали  солҳои  навадуми  асри  гузашта  сабабгори  фоҷиаи  миллат  ва  ҷанги  шаҳрванди  гардида,  пайравони  ин мазҳаб  аз нозуктарин  риштаҳои  ҳис, яъне  эмону  эътиқоди  инсонҳо  истифода  намуда  буданд.  Онҳо  чун солҳои  пешин  фаъолияташонро  амали  карда,  соҳиби  мансабу  ҳокимият  ва  дороии зиёд   гарданд, ки  дар  бораи  расидан  ба  мақсадҳои  нопоки ин   хиёнаткорони  ватанфурӯш  давлату  ҳукумат  ба онҳо имконият  надод. Баъди  авфҳои  чандкаратаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ислоҳ  гардидан  ва барои  некрузии  халқи  тоҷик  хизмат  намудани  роҳбарият  ва аъзоёни ҲНИТ  ин  гуруҳҳо ҳеҷ  ба  хулосае  наомада,  чунин  амалҳо  пеш аз ин  хам  борҳо  дар  минтақаҳои  гуногуни  кишвар, аз ҷумла  вилояти  Суғду  Бадахшон  ва водии  Рашт  бо хангомаҷуии  маҳз  саркардагони  ҲНИТ  ба  вуқуъ  пайвастаанд. Намояндагон, аъзоён  ва роҳбарияти  ТЭТ ҲНИ дар муддати  29-соли соҳибистиқлолӣ  чеҳраи  аслии  худро  нишон  дода,  ба хотири  манфиатҳои  шахси,  мансаб,  пулу  сарват  ва  ҷоҳу  ҷалол, тамоми  арзишҳои  миллӣ,  ҳуқуқӣ  ва  диннии  ҷомеаро  поймол  намуданд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш  пойбанди  идеологияи  кайҳо  куҳнашудаи  гурӯҳҳои  бадхоҳони  хориҷӣ  буда,  дар тули  умри  кутоҳи  худ  ба  мардуми тоҷик  ба  ҷуз  ғуссаву  ғам,  ҷангу  хунрезӣ, ҷудоиандозиву  маҳалгароӣ,  тафриқа  ва  бухлу  кина  доштан  дигар  чизе  надодааст. Амалҳои  бадахлоқонаи  идае  аз  саркардагони  ТЭТ ҲНИ, ки  тариқи ВАО  пахш  мегарданд,  аз  беимонию  бевиҷдонӣ  ва  пастфитратии  онҳо  гувоҳи  дода,  чунин  амалу  рафтори  онҳо боиси   дилхоҳ  иғво,  қатлу  ғорат  ва хиёнат  омаданаш  аз эҳтимол  дур  нест.   Аз ҳама  бадаш  он аст, ки  онҳо  аз  таълимоти  дини мубини Ислом  дур буда,   муқобили  он  амал   менамоянд. Қазия  ошкор  кард, ки  Муҳиддин  Кабири  дар  асл  он шахси ботамкин,  ботаҳаммул,  босавод  ва  фурутану  хушгуфторе  нест, ки  ҳамеша  бо чунин  симо  худро  дар  назди  ҷомеа  ҷилва  медод.  Ҳамаи  ин танҳо  ба хотири  моилсозии  мардуми  аз сиёсат  бехабар  бо  шахсияти  худу  ҳизбаш  будааст.  Тавре  айён  шуд  Муҳиддин  Кабирӣ  баҳри амалӣ сохтани  ниятҳои  сиёҳаш  ҳатто  ба  фарзандону  наздикони  худ  раҳм  надоштааст.  Онҳоро  дидаю  дониста  ба  ҷиноятҳое  тела  дод, ки  ҳатто  ба  ҷазо  наметавон  шуст. Аз ҳамин  ҷо  хулоса  метавон  кард,   агар  ӯ  фарзанди  лахти ҷигарашро  ба  чунин  пайроҳаи  хато  раҳнамун  месозад,  пас Ватану  миллат   барояш   чи  қадар  қадру  манзалат  дорад. Тири  душман  дар  симои  Кабирӣ  бори  дигар  хок   хурд. Шумо хиёнаткорон  нағз  донед, ки  барои  ҳар  қатра  хуни  ноҳак  рехтаи  фарзандони  ин Ватан  дар назди Қонун   ҷавоб  медиҳед.     Барои  пойдории  сулҳу  салоҳ , дӯстию  рафоқат   ва  ваҳдату  якдигарфаҳмӣ   ба  халки  сарбаланди Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Ҷумхурии  Тоҷикистон  муроҷиат  намуда, пешниҳод  менамоем, ки  тамоми  ашхоси  хиёнатпешаи  ин  амалӣ террористӣ  бо  сарварии  раиси  собиқ  ТЭТ ҲНИ   Муҳиддин Кабирӣ дастгир    ва  ба  ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашида  шаванд.   Тавре, ки вақтҳои охир пурра маълум шуд ин ҳама бесарусомониҳо аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ва пайравони он сар задааст. ҲНИТ 4-декабри соли 1991 ташкил гардида,28.09.1999 ва баъдан 15-октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёси аз нав ба қайд гирифта шуда буд. Гарчанде, ки оинномаи ҲНИТ аз ҳифзи Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагии Тоҷикистон , ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародарони халқҳои Тоҷикистон иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти терористию экстремистӣ доштаро содир намуда, боиси халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум гардиданд. Ин равияҳои номатлуб давлатҳои абарқудрати тамоми гушаю канори ҷаҳонро ба доираи манфиатҳои ҳаётан зарурии худ дохил менамояд.Ҳодисаҳои дар Ироқ, Миср ва Сурия ҷалби ҷавононро ба ин давлатҳои Исломӣ таъмин намуда, вазъи сиёсии оламро ноором месозанд. ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд ҳокимияти сиёсиро ба даст оварда, тоҷиконро ба тарзи зиндагии асрҳои миёна боз гардонанд.Маҳз бо гуруҳҳои ифротӣ шомил намудани ҷавонон, қатлу куштори одамони бегуноҳ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ аъзоёни он ва ҷараёнҳои Ваҳобия Салафия, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҷавононро гумроҳ намуда, ба  амну субботи мардум халал мерасонад.Мову Шумо фаъолони ноҳияро зарӯр аст,ки фарзандонро таҳти назорати доимӣ қарор дода ба роҳи рости зиндагӣ раҳнамун созем ва нагузорем,ки ҷавонони имба гурӯҳхои тундрави ифротӣ шомил шаванд. Барои инсон хоҳ зан бошаду хоҳ мард беҳтарин хислат доштани одоби накӯ аст, зеро Қуръон саропо одоб аст.Имрӯзҳо намояндагони 425 дини ҷаҳон дар ҳайратанд, ки чаро исломи поку беолоишро ба гурӯҳҳо тақсим намуданду якдигарро терор мекунанд. Ҳинду Чин 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду тариқи сулҳ зиндагӣ мекунанд,мо мусулмонон 1- Худо , 1 Пайғомбар дорем ва пайваста ҷанг мекунем ва бо таъсиррасонии гуруҳҳои ифротӣ дину мубини Исломро ба ҷараёнҳои сунӣ ва шиа душман сохта, якдигарро қатл мекунем. Исломи нобу таълимоти покизае, ки аз бузургони мо Салмони Форс, Имоми Аъзам, Ал- Бухорӣ ва дигар нобиғаҳои миллати тоҷик ба мо ёдгор мондааст, ки дар рушду нумуи илму маърифати исломӣ саҳми босазо доранд, фаромӯш нашуданист. Дар таърихи 29- январи соли 2016 сохтори минтақави зидди террористии созмони ҳамкории Шанхай , дар мувофиқи бо феҳристи ягонаи созмонҳои терористи экстремистӣ ҲНИТ – ро таҳти рақами 79 ба руйхати ташкилоти терористӣ ворид намуд, яъне 8-кишвари бузурги ҷаҳон ташкилоти террористи будани ҲНИТ-ро эътироф кардаанд. Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло  аз он иборат аст, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон як маротиба дар доми ҳомиёни  ТЭТ ҲНИ ва пайравони он афтида буданд ва беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро аз даст доданд,имрӯз вақти он расидааст, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин гуруҳҳои номатлуб муборизаи беамон бубарем. Аз ноҳияи мо низ 4-нафар ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои тундрави Ироқу     Шом шомил гардиданд ва ба номи волидайн инчунин мардуми ноҳия доғ меоранд. Вақти он расидааст, ки динӣ покамонро аз нигоҳҳои ғаразноку ақидаҳои ботил ҳифз намоем ва баҳри ҳимояи обрую эътибори он саъю кушиш намоем, бузурге фармудааст: Кас агар дӯст надорад Ватан, имонаш кӯ, Дӯстдори Ватан фарз, агар виҷдон аст. Дӯст доштани Ватан фарз бошад биёед баҳри оромию осудагӣ, амну субботи  мардуми Тоҷикистони азизамон , ҳиссаи арзандаи худро гузорем, нагузорем, ки нохалафе амну субботи кишвари азизамонро халалдор созад.

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг

Ҷ. Одинаев