Хабарҳо

Мурданат  беҳ, ки мардумозорӣ

Баромади видиоии ғаразона ва душманонаи шармандаи бозори маҳшар, бозичаи сари дасти бачабозҳои қумандонҳои афғон Муҳаммадиқболи Садриддинро гӯш карда, дилам мехоҳад, ки нисбати ӯ ва ҳаммаслаконаш тамоми суханони бадро ошкоро  бигӯям.

Вале дар ҳамин ҳолат навиштаҳои яке аз рӯзноманигорони варзидаи нашрияи “Минбари халқ”Ҳуринисо Ализода ба ёдам омад, ки гуфтабуд. Мо набояд дар ҷавоби баромадҳои иғвоангезу ғаразонава бесаводона ва аз доираи одоб дури  душманони давлату миллат чун онҳо бо дашному ҳақорат ҷавоб гардонем.  Зеро онҳо бо ин амалашон лаънаткардаи халқ,оқипадар, бесавод, ватанфурӯш, хоини миллату мазҳабфурӯш ва беномусбуданашонро нишон медиҳанд.

Исбот мехоҳед, пас гӯш кунед. Шумо будед, ки  як миллатро ба якдигар ҷанг андохтед, дар натиҷа 150 ҳазор одамони бегуноҳ кушта шуданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза гардид, хисороте, ки давлат ва мардум аз ин ҷанг дид, андоза ношуданист. Баъди гуноҳҳои нобахшидани аз тарси ҷазо ба хориҷа думхода кардед.

Баъди ҳамаи ин мусибати гӯшношуниди ба сари мардум оварда лаънаткардаи халқ, ватанфурӯш, хоини миллат нестед? Аз он ҳам бадтаред.

Сад дар сад исбот шудааст, ки саркардагони ҲНИ хидматгори хоҷагони хориҷӣ буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Онҳо якумин шуда мазҳаби гузаштагони худро дигар карда, мазҳаби шиаро қабул намуданд.

Сомонаи интернетӣ як воситаи серистифодаи ахбори омма аст. Набояд дар он дашном, ҳақорат ва суханони таҳқиркунанда гуфта шавад. Валешумо ин сомонаҳоро ба оғилхонаи хар табдил додаед.

Вақте Кабирии (заҳок)  дар ҷанозаи модар ва ту Иқболбии фоиша дар ҷанозаи падарат дидаю дониста иштирок накардед,  оқимодару оқипадар нестед? Ҳастед. Вале ту Муҳаммадиқбол сабаб доштед, ки дар ҷанозаи падаратон иштирок накунед.  Агар падарат ба ТТЭ ҲНИ аъзо намешуд, ба куштор ва дигар амалҳои бад даст намезад, ба Афғонистон намерафт,  туро бачабозӣ намекарданд ва имрӯз аз хориҷ барои дарёфти гунда ( хамири заволае, ки чӯпонҳо дар оташ пухта ба сагашон медиҳанд гунда номдорад) аздаҳон кафк паронда чун занони  мадоҳ дастак зада мардумро ба ноором кардани ҳаёташон даъват наменамудед.

Беномус касе аст, ки  нисбати ватани худ, миллати худсухани ғаразона, бадномкунанда мегӯяд. Аз лақиданҳои туву Кабирӣ ва ду – се нафари дигар, ки барои гуфтани сухани туҳматангез даъваташон мекунед, ягон тағйироте ба амал  намеояд.Баракс ҳисси бадбинии мардум нисбати шумо кӯрнамакони бадномкунандагони миллати бофарҳаги тоҷик  зиёд мегардаду халос

Барои мисол вақте ман сафсатагӯҳиҳо ва суханони дағали  ту Иқболбии  Садриддинрогӯш кардам, ҷой пинҳон кардан нест, ки на танҳо ба ту, балки ба нишонии авлоду аҷдодат, саркардагонат, аз ҷумла Кабирӣ чи дашноми қабеҳе ба  даҳон омад, баён доштам. Ту ҳам рӯятросиёҳ мекунию он ҳамсуҳбатонат ки гӯё дар Тоҷкистон ягон пешравӣ нест, ба халқ зулм мекунанд. Мардум дар сатҳи пастзиндагӣ мекунанд.

Мард бошӣ, ( чи кунӣ,ки мард нестӣ)    аз дур не,  аз пеш биё бин.Ту дурӯғгӯи Худозада, мумкин Тоҷикистонро нашиносӣ. Инро ман дар мисоли ободкориҳо зиндагии осоишта ва серу пури  якноҳияи дурдаст ва кӯҳистони Ховалинг  мегӯям.

Мардумро ба гирдиҳамои чун солҳои қаблӣ даъват менамоед, валефаромӯш накунед, ки дигар ба сухани  туву Кабирӣ ва ду –се нафари думравонатон мардум харро аз мех намекушоянд. Зеро кӯр асояшро як бор гум мекунад.

Хуб фаҳмидаед, ки рӯзе ба даст меафтед ва барои ҳама амалҳои ношоистаатон дар назди мардуми азияткашидаи тоҷик, дар назди қонун ҷавоб мегӯед Дар чунин рӯзу чунин ҳолат дигарон не, худатон ба амалҳои ношоистаатон мегӯед: мурданамон беҳ ки мардумозорем.

Халилзода С. Х. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.