Коллективи кормандлони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи ғайридавлатии колеҷи тиббии ноҳия ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи давлатии литсейи касбӣ-техникӣ бахшида ба саннаҳои мубораки таърихӣ-Рӯзи Президент, 31-солагии Иҷлосияи 16-уми шӯрои Олии Ҷумҳурии тоҷикистонр ва рӯзи Парчами миллӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани роҳпаймоӣ арҷ гузоштани сокинони касбу кори гуногун ба ин саннаҳои мубораки таъхрихӣ ва ҳисси миллӣ доштани онҳо буд.
Роҳпаймоён дар кучаҳои маркази ноҳия дар даст аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, парамҳои миллӣ ва аксҳо аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуда, такрор ба такрор суханҳои «Президенти манн-ифтихори ман!», «Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор менамоем!», «Тоҷикистон ба пеш!» ва ғайраҳоро такрор менамуданд, ки аз ватандӯстӣ ва пайравии Пешвои миллат будани онҳо ва ҳисси баланди миллӣ доштани сокинони ноҳияи Ховалинг шаҳодат медод.
Баъд аз роҳпаймоӣ дар майдони марказӣ ва гулгашти ҷавонон роҳпаймоён ҷамъ омада, перомуни саннаҳои мубораки таърихӣ, ки дар боло зикр намудем суҳбат баргузор гардид.
Дар суҳбат муовини раиси ноҳия Назарзода Миралӣ Бегназар, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Асадуллозода Ватаншо Давлатхуҷа ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Дилшод Шеров суханронӣ намуда, бори дигар таъсис ва ҷашнгирии ин саннаҳои муҳими таъхрихиро шарҳ доданд, ки хонандагону донишҷӯён аз ин суҳбат ғизои маънавӣ бардоштанд.