Маориф

Раиси ноҳияи Ховалинг аз фаъолияти боғчаи бачагонаи «Маҳваш» дидан намуд

Рӯзи 1-уми декабри соли 2023 раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон аз рафти фаъолияти боғчаи бачагонаи «Маҳваш» дидан намуда, бо шароити тарбиягирию омӯзиш, ҷойи хоб ва ошхонаи кӯдакон шинос гардид.

Дар ин муассисаи томактаби 75 нафар кӯдакон аз мураббияҳои соҳибтаҷриба  тарбия мегиранд.

Дар рафти дидан намудан аз ин муассиса кӯдакон-тарбиятгирандагони боғча аз натиҷаи омӯзиши худ дар назди раиси ноҳия шеърҳо қироат намуда, чистону афсонаҳо гуфтанд.

Мудири боғчаи бачагонаи «Маҳваш» Мунира Раҳимова ба раиси ноҳия иттилоъ дод, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандони ин муассиса мунтазам пайи фаъолият буда, кӯшиш менамоянд, ки тибқи низомнома ва оиннома, дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи кӯдакони сини томактабӣ саҳми бузург гузоранд.

Кӯдакон бошанд аз мураббияҳои худ мувофиқи реҷа ва нақшаҳои тарбиявӣ омӯзиш гузаронида, мунтазам пайи машғулиятҳои дар нақшабуда мегарданд. Натиҷа ҳамин аст, ки кӯдакони мо алҳол шеърхонӣ, чистондонӣ, афсонахонӣ ва дигар намуд бозиҳоро аз худ намуда, кӯдаокни сини шашсола барои ба синфи якум рафтан омодаанд.

Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ба фаъолияти ин муассиса ва тарбияи мураббияҳо баҳои баланд дода, ба онҳо изҳори сипос намуд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *