Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ СОЛИНАВӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Ховалинг: Рӯзи 29-уми соли 2023 дар пайравӣ  аз сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида  ба Соли нави  мелодӣ   дар дидбонгоҳи сарҳадии дуюми  Сари Ғори ҚС КАДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Ш. Шоҳин ҷойгир аст, чорабинии солинаваӣ  гузаронида шуд.

  Дар чорабинии солинаваӣ  Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон,  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Ҷамила Салмон Лангарӣ ва дигар фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

 Нахуст, Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон   афсарону сарбозони  далеру шуҷоъи Ватанро  бо фарорасии  Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта,  қайд намуданд, ки  ҳимояи сарҳад  имрӯз аз сарбозони бонангу ори кишвар вобастагии калон дорад, барои ҳамин бояд сарбозони мо ҳамеша зираку чусту чолок бошанд.

  Дар идома,  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Ҷамила Салмон Лангарӣ таъкид намуданд, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи  марзу буми  Ватан ва пос доштани сулҳу субот,  ваҳдату ягонагии миллат дар дасти шумо ҳомиёни ватан аст, дар охир аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии  Соли нави мелодӣ  сарбозону авсаронро табрику таҳният гуфта  ба онҳо мувафақиятҳои беназирро тамано намуд.

 Аз тарафи МИҲД ноҳияи Ховалинг ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қисми низомӣ  кумаки ғизоии ниёзи аввал аз қабили орд, равған, гушт, макарон,  картошка, пиёз ва  дигар  ашёи зарурӣ расониданд.

Ҳамчунин, аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ба сарбозону афсарон як адад яхдон расонида шуд.

 Сипас дар қисми  низомии дидбонгоҳи сарҳадӣ  аз тарафи фарҳангчиёни ноҳияи Ховалинг  бо барномаи рангини  консертӣ таъби афсарону сарбозонро болида намуданд.

 Дар охир барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, ба онҳо хурокҳои миллӣ омода намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *