Фарҳанг Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

ХОВАЛИНГ:  Шоми 29-уми соли 2023 бахшида ба Соли нави мелодии 2024 дар майдони марказии ноҳияи Ховалинг,  ки арчаи идона афрохта буд, барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ  Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музафар Бурҳон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  сокинони хурду бузургӣ  ноҳия иштирок намуданд.

 Чорабиниро Бобои барфӣ ва барфак ҳусни дигар бахшида, зери сурудҳои дилнишини ҳунармандони ноҳия бо кудакону наврасон рақсу бози намуданд, Бобои барфӣ бо туҳфаҳои омоданамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дили кудаконро шод намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *