Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг вохӯрии Вакили Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Муъминобод 38 Абдуллоев Мироҷ Санонович бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси ноҳияи Ховалинг, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолон ширкат доштанд.
Дар маҷлис Вакили Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ Санонович бобати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саннаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, суханронӣ кард.
Оид ба масъалаҳои соҳаи иқтисодӣ, иҷимоӣ в а фарҳангии кишвар, рушду тараққиёти мамлакат, дастгирии занону ҷавонон, фаъолияти назарраси соҳибкорони кишвар, ки дар Паём Пешвои муаззами миллатамон мавриди таваҷҷуҳ ва муҳокима қарор дод, андешаронӣ намуданд.
Зимни суҳбат раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ва муовини раиси ноҳия Олимҷон Олимов низ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳар як масъалае, ки дар Паём мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифт баҳри рушду ояндаи давлату миллат ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар раҳнамун гардидаанд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки мо Паёмро ҳамчун дастур истифода намуда, зимни фаъолияти худ онро пурра ва манфиатбахш истифода менамоем.
Аҳли нишаст бобати дигар масъалаҳо ба Вакил суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.