Ҳозирини гиромӣ, ҷавонон ва созандагони фардои ҷомеа!
Пеш аз ибрози ақидаҳоям Шумо-ҷавонони азизро ба «Рӯзи Ҷавонон» самимона муборакбод гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, бахту иқболи баланд, хираду дониши азалӣ ва фатҳи волотарин қуллаҳои зиндагиро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сӯҳбату суханрониҳо бо намояндагони ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, чунин қайд менамояд:
«Шумо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи фарҳанги нави шаҳрвандии миллати тоҷик мебошед.
Мо – насли калонсол кӯшиш мекунем, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи касбии ҷавонон мусоидат карда, сиёсати давлатиро вобаста ба таҳсил, омӯзиши забонҳои хориљӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намоем».
Шумо ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва нерӯи офаранда аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт нақши ҳалкунанда бозида, минбаъд низ тақдири халқу Ватан дар дасти шумост. Зеро зиёда аз 70 дарсади аҳолиро дар ҷумњурӣ ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар шароити имрӯза, ки асри 21 асри иттилоот ва технологияи муосир аст, ҳар як оила ва волидайн бояд масъулияти ҷиддитареро эҳсос намояд. Фарзандон ва насли наврас, яъне созандагони фардои ҷомеаро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву ростқавлӣ, донишомӯзиву маърифатпарварӣ, сарфаю сариштакорӣ ва маданияти истифода аз воситаҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумлаи воситаҳои иттилоотии электронӣ тарбия намоянд.
Дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон падару модарон нисбат ба мактаб ва омӯзгорон масъулияти зиёдтар доранд. Яъне саҳми волидайн бояд дар тарбияи фарзанд бештар бошад. Бо дарки амиқи ин нуқта қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва тағйиру иловаҳо ба он барои амалӣ намудани нишондодҳои дар боло зикршуда, қувваи ҳуқуқӣ бахшидааст.
Аз ҳисоби ҷавонону наврасон тарбия намудани кадрҳои болаёқату ботаҷриба яке аз талаботҳои асосии Консепсияи миллии сиёсати кадрҳо ба ҳисоб рафта, дар ноҳия оиди ин масъала низ диққати зарурӣ дода шуда истодааст.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар, ки имрӯз байни ҷавонон пайдо гаштааст иштироки онҳо дар муноқишаҳои давлатҳои ноором мебошад.
Бинобар ин ба ҷавонон муроҷиат карда, нисбати ин масъалаи муҳим таъкид карданиам, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, хубро аз бад ва сиёҳро аз сафед ҷудо намоянд.
Бори дигар Шуморо ба Рӯзи ҷавонон табрик намуда, таманнои онро дорам, ки доимо сиҳату саломат ва сарбаланду хонаобод бошед.
Ид муборак, ҷавонони азиз!