Вокуниш: Дар шароити рӯз, ки ҷаҳонро буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифтааст, ин ҳолат ба домон паҳн намудани терроризму экстремизм мусоидат менамояд. Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз ин амалҳо манфиат мебардоранд. Бояд дарк намоем ва ҳӯшёр бошем, ки хатари терроризм аз байн нарафтааст ва намеравад. Терроризму экстремизм кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар дунё ягон давлате вуҷуд надорад, ки аз таҳдиди амалҳои он эмин бошад. Тоҷикистон ҳам аз зумраи чунин давлатҳост. Сокинони мамлакат алакай шоҳиди ваҳшонияти чунин гурӯҳҳои хунхор дар дохили мамлакат гардидаанд. Ба терроризму экстремизм баҳои арзандаро Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст: Яъне, террорист Ватан, дин, имон, мазҳаб ва раҳму шафқат надорад. Зеро ӯ террорист аст ва вазифааш қатлу куштор, таркондан ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Онҳо ҳама амалҳои ваҳшиёнаи худро зери пардаи дини мубини ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба паст намудани шаъну шарафи ҳам мусалмонон ва ҳам дини Ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад. Аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои оламро тақозо менамояд. Чӣ тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад. Имрӯз вазифаи мо масъулин, ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ аз он иборат аст, ки тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои асоситарини худ бидонем ва насли осебпазирро чунон тарбия намоем, ки онҳо нисбати калимаҳои террористу экстремист нафрати бепоён дошта бошанд. Пас мебояд ҳама чораҳои зауруриро андешида, нисбат ба терроризму экстремизм бетараф набошем ва баро аз байн бурдани ин зуҳӯроти номатлуб аз ҳама роҳу воситаҳо истифода намоем. Фарҳод Давлатов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
ҲОЛАТИ ЗАМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР МТМУ №18, 4 ва 13 ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУТӢ
Дидан кардани И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин аз ҳолати омодагӣ ба замистонгузаронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18, 4 ва 13 – и Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалин.
31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия
Ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи муассиаҳои таълимӣ машқи ҳарбӣ омода карда шуда, ба маърази дид гузошта шуд. Ҳамзамон дар толори қасри фарҳанги ноҳия коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷамъ омада буданд. Чорабинӣ бо суханони муқадимавӣ аз таърихи таъсиси […]
Таджикистан улучшил позиции в рейтинге безопасных стран
Таджикистан поднялся в рейтинге Глобального индекса миролюбия, но все равно не лидирует среди стран Центральной Азии ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Таджикистан поднялся на 12 позиций в рейтинге Глобального индекса миролюбия, составленном Институтом экономики и мира. Из стран Центральной Азии Казахстан занял 64-е место, Кыргызстан – 95-е, Узбекистан – 102-е, а Туркменистан – 115-е место. На последнем месте в рейтинге – […]