Таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ноҳияи Ховалинг санаи 5 ноябр бо шукуҳу шаҳомати махсус ва омодагиҳои ҳамаҷониба баргузор карда шуд. Дар толори қасри фарҳанги ноҳия нахуст бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои раиси ноҳия, коллективҳои кормандони […]
Аксҳо
ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ВА БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРҲО БО ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР САМТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА МАЪРИФАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
16 октябр гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №35 деҳаи Айлодараи Ҷамоати деҳоти Ғ. […]
ИДОМАИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРҲО БО ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР САМТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА МАЪРИФАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Имрӯз 11.10.2024 гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Ховалинг бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрӣ анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22,-и деҳаи Зелолак, №42-и деҳаи Оби шур ва №45-и деҳаи Тиговуни Ҷамоати […]
Аъзоёни Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ аз таърихи ҷашни Наврӯз бархурдор гардиданд.
Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар кори Шӯро Раиси Кумитаи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ Рудобаи Мукаррам ва дигар намояндагони ӯ ширкат доштанд Ҳамчунин дар кори Шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раис, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо […]
Тарбияи насли наврас, аз ҷумла ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи мо шаҳрвандон аст
Вокуниш Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз чунин амалҳои мудҳиш манфиатдор мебошанд. Бояд ҳар яки мо пурра дарк намоем, ки терроризму экстремизм […]
Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Сайидаҳмад Каримов
Имрӯз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бобати бузургдошт ва эҳтиром гузоштан нисбати қаҳрамонон, нафароне, ки барои Ватан ҷон нисор намуда, хизмат ба Ватанро аз ҳама боло ва қиммат медонанд, қадршиносӣ намуданд. Дар ин радиф масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раиси […]
Чорабинии фарҳангӣ дар колеҷи тиббии ноҳия.
Дар муассисаи ғайридавлатии колеҷи тиббии ноҳия бахшида ба бузургдошти 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии рангини фарҳангиву сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи мазкур фаъолона ширкат намуданд. Чорабинӣ бо суханони муқадимавӣ аз таърихи таъсиси ин ниҳоди пурқудрат оғоз гардида, донишҷӯён мувофиқи ҳунару маҳорати худ перомуни ин ҷашн барномаи фарҳангиву сиёсиро […]
Набизода Фаррухиддин Амрудин аз Осорхонаи Ҷурабек Назриев дидан кард
Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амруддин аз вазъи фаъолияти Осорхонаи устоди ҳуанар Ҷурабек Назриев дидан намуд. Зимини дидан муҳтарам Набизода Фаррухиддин ба ҳаёт ва фаъолияти устод шинос гардида, бобати саҳми назарраси ӯ дар рущди санъати тоҷик, аз ҷумла муаррифӣ намудани фарҳангу маданияти мардуми куҳистони Ховалинг тариқи шеъру суруд ошно гардид. Муҳтарам […]
Дар озумни «Кадбонуи беҳтарин» гулдухтарону бонувон маҳорати кадбонугии худро нишон доданд
Имрӯз дар ноҳия ба хотири гиромидошти рушди ҳӯнарҳои мардумӣ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур кадбонувон аз маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯёни колеҷи тиббӣ ва литсейи касбӣ-техникӣ ширакт намуданд. Иштирокчиён ҳунару маҳорати пазандагии худро мавриди намоиш қарор дода, навҳои гуногуни хӯроку таъомҳо ва шириниҳои миллиро пухта ба маърази дид […]
31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия
Ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи муассиаҳои таълимӣ машқи ҳарбӣ омода карда шуда, ба маърази дид гузошта шуд. Ҳамзамон дар толори қасри фарҳанги ноҳия коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷамъ омада буданд. Чорабинӣ бо суханони муқадимавӣ аз таърихи таъсиси […]