Хабарҳо

ПАРЧАМ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ

ПАРЧАМ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ

Яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ дар қатори конститутсия, нишону парчам суруди миллӣ ба шумор меравад. Мояи ифтихор ва сарфарозист, Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, бо ҷаҳду талошҳои яке аз фарзандони ватандӯсту қавиирода, ободгару сулҳҷӯ, Асосгузори сулҳу вааҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз ободтару зеботар гардида истодааст.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинг, иқдоми пешгирифтаи маорифчиёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадашонро, яъне ба таври зинда хондани суруди миллиро хуш пазируфтанд. Дар суруди миллӣ мазмуну муҳтавои зиёде инъикос ёфтааст, ки хонандаро ба гузаштаи дури аждодони мо, орзую омоли онҳо, муҳаббат доштан ба Ватан, дӯстӣ ва башардӯстиро тараннум дорад.

Ин барои ташаккули шахсияти хонандагон тарбия намудани онҳо дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, дӯст доштани миллату диёрнақши беназир мегузорад.

Ҳар пагоҳӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинг, пеш аз саршавии машғулиятҳо суруди миллӣ ботантана хонда мешавад. Ин дар ниҳоди хонандагон меҳру садоқати бепоёнро ба Ватани азизамон Тоҷикистон бедор месозад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг      Н.Сафарова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *