Хабарҳо

Тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи ватандустӣ ва эмин доштани онҳо аз гуруҳҳои ифротӣ

Мушкилоти  эстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузургӣ сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷода  ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва  тундравоиро ҳамчун мушкилоти асри навин  мешиносанд  ва дар бораи ин хатарҳо  доимо таввасути ахбори омма мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд.зеро тибқи он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, барои ифротгаро шудани ҳар як  фарде, ки  дониши кофии динию дунявӣ надорад ва мақсади асосии шомилшуданро дар ин гуруҳҳо надорад, мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ингуна  равандҳои  номатлуб  бояд системанок ва доимӣ таввасути корҳои фаҳмондадиҳи инчунин ахбори омма сурат гирад. Дар робита бо ин масъала ва роҳҳои муосири мубориза бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб дар ҷомеа тавасути системаҳои ахбори ҷаҳони доими ва бо суръат бошад. Маънои калимаи тероризм    –    калимаи лотинӣ буда, маънояш тарс,  воҳима мебошад. Ин ба маънои шомилшавӣ ба ҳаракатҳои зуроварро дорад, ки барои ба омма ё давлате расонидани хисорот ва ё куштор аст. Барои пешгири намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамона  кор намуда  ҷавононро дар руҳияи ватандусти ҳувияти миллӣ ва  донишомӯзи тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористи ба мафкураи  ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд  ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд чунки ҳисси баланди ватандӯсти ва милли намегӯзорад, ки ҷавонон ва наврасон ба чунин гурруҳои ифроти шомил шаванд. Ҳар як ҷавони бо обруманди Тоҷикистон  бояд бо Ватан, миллат давлати  соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намояд  ва барои ҳимояи онҳо  ҳамеша омода  ва ҳушёру зирак бошанд.