Хабарҳо

Ифротиён ҳамеша бар зидди миллату давлатанд

Ифротиён – зидди миллату давлат Саркардагон, аъзоён ва думравони ташкилоти террорисӣ экстремистии собиқ ҲНИ мазҳаб, миллат, давлат ва ватани худро ба ивази маблағу сарват фурӯхтанд.  Саркардагони ҳозираи ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар соли 90-ум бо дастрасии молиявии хоҷагон барои азхудкунии таълимоти мазҳабии Шиа ба Ҷумҳурии Арабии Яман фиристода мешавад ва таъсири худро дар таълимгоҳҳои Исломӣ идома медиҳад, ки тадриҷан роҳи ӯ дар маҷрои ҳаракати наҳзатӣ ҳамвортар гардад. Албатта дар ин кишвар узири таъсири идеалогияи равияҳои тундгарои динӣ қарор гирифта пурра пайрави мактаби террористӣ экстремистии сиёсӣ ва мазҳаби барои миллати тоҷик бегона мегардад. Пас аз гузаштани мактаби Яман Муҳиддин Кабирӣ акнун аз як донишҷӯи тоҷик ба як унсури разветкаи кишвари хориҷӣ ва як тарҳи махсус  табдил шуда буд. Ӯ бояд дар қадами аввал бо сармояи хоҷагонаш дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои Муштарак- ул- манофеъ тиҷорати калон таъсис дода моликияти зиёд мехарид. Баъдан худро ба таркиби роҳбари ҳизби наҳзат ҷой менамуд, сипас бояд роҳбарони асосии ин ҳизбро аз байн мебурд ва роҳбарии ин ҳизбро худаш ба даст мегирифт. Ҷонибдорони худро дар раёсати  ҳизб ҷамъ мекард ва дар қадами баъди ҳизби наҳзатро пурра зери  нуфузи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷа медаровард ва дар ниҳоят бо ташкили табадулоти давлатӣ қудратро соҳиб шуда Тоҷикистони моро ба як кишвари тобеъи он давлат табдил медод. Ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки Муҳиддин Кабирӣ ин нақшаро қадам ба қадам амалӣ карда соли 2015 то кушиши табадулоти даавлатӣ расонд, аммо ба бахти мардуми тоҷик ин лоиҳаи шум дар ин марҳила шикаст хурд ва тамоми нақшаҳои хоҷагонаш барбод рафт. Акнун бо дастури ин хоҷагон аз вожаи исломӣ дар ҳизби террористӣ ин наҳзат даст кашида зери номи “Паймони миллӣ” нақшаю ҳадафҳои зидди тоҷиконаи онҳоро амалӣ карданист. Нерӯҳои манфиатдори минтақаву байналмиллалӣ, ки ташкилоти террористии собиқ ҲНИ- ро дастгири мекунанд, бо вуҷуди дарки паёмадҳои фоҷиабор нақшаҳои разилонаи хешро ҳамоно барои расидан ба ҳадафҳои геосиёсӣ ва густаришу нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ аз сӯистифодаи наҳзатӣ наҳз даст накашидаанд. Имрӯзҳам онҳо боқимондаҳою фирориёни ин гурӯҳи ифротии хоинро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷамъ карда барояшон ташкилоти сиёсию қаноти тероррористӣ ташкил карда бо харҷи миллионҳо доллар мехоҳанд ин мурдаи пӯсидаи сиёсиро дубора зинда кунанд ва бар зидди давлату миллати тоҷик равона созанд.