Хабарҳо

Аёдати афсарону сарбозонӣ дидбонгоҳи сарҳадии дуюми Сари Ғори ҚС КАДМ ҶТ, дар ноҳияи Ш. Шоҳин.

 

Бо мақсади  дар амал тадбиқ намудани  сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг пайваста чораҳои амалӣ андешида мешавад.

Ба ифтихори Рӯзи Президент ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саннаи 15-ноябри соли 2023 Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон  ва як қаттор роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба дидбонгоҳи сарҳадии дуюми  Сари Ғори ҚС КАДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Ш. Шоҳин ҷойгир мебошад, ташриф оварда,  ба сарбозону афсарон кӯмаки молии ниёзи аввал аз қабили орд, равған, макарон,  картошка, пиёз ва  дигар  ашёи зарурӣ расониданд.

Ҳамчунин, аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ба сарбозону афсарон як адад телевизор расонида шуд.

Саравал, Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон  бо сарбозону  афсарон мулоқоти озоду самимӣ доир намуда, таъкид намуданд, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи  марзу буми Ватан ва пос доштани сулҳу субот,  ваҳдату ягонагии миллат дар дасти шумо ҳомиёни ватан аст.

Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад ва баҳри хизмати шоистаи онҳо  тамоми тадбирҳои зарури андешида шуда аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг минбаъд низ чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати  ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, мунтазам роҳандозӣ менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *