Рӯзи 21 – уми ноябри соли ҷорӣ дар дармоадгоҳи Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг чорабинӣ бахшида ба пешвозгирии ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.Дар пешвозгирӣ муовини раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Кабирзода Зарҳалбӣ кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони ташкилоту муассисаҳо омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.Ёдовар мешавем, ки имсол хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинг дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.Аз ҷумла:- Парвинаи Шариф – омӯзгори муассисаи таълимии №13-и ноҳияи, аз рӯйи номинатсияи ” Адабиёти классикии тоҷик “, сазовори ҷойи якум;гардид.Боиси ифтихор ва сарфорозист, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалиби ҷавонон ва наврасон ба китобхони зиёд гашта, сатҳи дониши омӯзгорону хонандагон рӯз то рӯз баланд гардида истодааст. Парвинаи Шариф омӯзгори МТМУ №13- ноҳия намунаи ибрати дигарон буда, то дигар омӯзгорон аз донишу малакаи он бояд баҳаравар гарданд.Ногуфта намонад, ки Абдураҳимов Абдухолиқ омӯзгори Муассисаи таълмии №4-ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, дар даври ҷумҳуриявии сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.