Вокуниш: Вақте, ки оинаи нилгунро тамошо карда, аз шабакаи телевизионии ҷаҳоннамо хабарҳо аз хориҷи кишварро тамошо мекунем ва таркишу куштор, қатлу ғорат, оташзаниву гаравгонгириро дар кишварҳои ҷангзада мебинем, пеши чашмонамон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта меояд. Кишвари биҳиштосои мо низ дар солҳои аввали соҳибистиқол гардиданаш, яъне солҳои навадуми асри гузашта дучори чунин фоҷиаву хунрезиҳо гардида буд. Чунин нобасомониҳоро дар кишвари мо анна ҳамин гурӯҳҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои хориҷ пайи ноором сохтани ҷомеа, барҳам задани сулҳу осоиштагӣ мебошанд, роҳандозӣ карда буданд. Ҳама ин нобасомониҳо, ки дар кишвари мо харобиҳо овард, падарро бо писар, бародарро бо бародар низоъ андохта, духтарро бадбини модар гардонида буд аз фаъолияти нопоки саркардагони ҲНИТ сарчашма мегиранд. Саркардагону роҳбарони ҲНИТ аз рӯзи аввали фаъолияташон нияти нопок доштанд ва бо ҳадафу мақсадҳои бадғаразонаашон мунтазам пайи ноором сохтани ҷомеа буданд. Ҳамин буд, ки мардуми шарифи тоҷик фирефтаи найрангу дасисаҳои онҳо гардиданд ва дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар он давра он қадар боло гирифт, ки ҳатто падар ба ҷони фарзанд қасд дошт. Гуруснагӣ мардумро таҳдид мекард. Азоби гуруснагӣ, нооромӣ, беҳуқуқӣ, ноадолатӣ ва ғайраҳо дар кишвар ҳукмфармо буд, аммо пеши чашмони саркардагон, роҳбарон ва пайравони ҲНИТ дар он давра он қадар равған гирифта буд, ки ҳама ин нобасомониҳоро гуё намедиданд ва мунтазам фаъолияташон ноором сохтани ҷомеа буд. Сабаб он буд, ки онҳо бояд супориши хоҷагони хориҷиашонро иҷро менамуданд. Барои онҳо аз даст рафтани Ватан, пароканда шудани як миллати соҳибтамаддун ҳеҷ буд. Аз барҳам хурдани миллати тоҷик боке надоштанд. Танҳо манфиати якрӯзаи худро фикр мекарданду халос. Имрӯз низ вазифаи онҳо ҳамон аст. Бо супориши хоҷагон мунтазам пайи фиреб додани ҷавонон ва гумроҳ сохтани онҳо, ноором сохтани ҷомеа, аз байн бурдани сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум ва паст гардонидани сатҳи зиндагии мардум мебошанд. Аз ин амали нанговару шармовар ва хиёнаткоронаи чунин гурӯҳҳо нафрат дорем ва ҳар як амали ифротгарона ва ғаразноки чунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва хоинро маҳкум менамоем. Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг пайваста кушиш менамояд, то дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, муқобили чунин гурӯҳҳо муборизаи беамон барад ва нагузорад, ки чунин нохалафон сулҳу оромии бо ҳазор ҷонбозиҳо ба даст овардаамонро аз байн баранд. Пайваста аз ҷавонон таъкид бар амал меорем, ки фирефтаи чунин гурӯҳҳои иғвогару ғаразпеша нагардида, атрофи Пешвои муаззами миллатамон сарҷамъ бошанд ва якпорчагии кишвари азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҷаъмахон Файзов, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
Табрикоти идонаи раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам бахшида ба “Рӯзи матбуот” Қаламбадастони арҷманд! Рӯзноманигорони азиз! Ифтихормандам, ки Шуморо ба муносибати иди касбиатон, ки ба баҳори нозанин рост омадааст, самимона таҳният мегӯям. Дар тамоми давру замон мақом ва нақши рӯзноманигорон ҷойгоҳи хосаеро дар байни ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон вобаста ба интишор намудани хабар ва маводҳои таҳлилие, […]
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024
Ҳамдиёрони азиз! Мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг баъди чанде ба соли 2023 падруд гуфта, Соли нави 2024 – умро бо қаноатмандӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз мегиранд. Соли 2023 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии мамлакат ва мардуми ноҳия ҳамчун соли пур аз воқеаҳои хотирмону фараҳбахш ва соли оғози созандагию […]